Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Euro 2016 имрӯз шурӯъ мешавад


Шоми 10 июн дар Фаронса бо бозии тими мизбон бо Руминия марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо - Euro 2016 – оғоз меёбад. Ин мусобиқот то 10 июл давом мекунад ва барои таъмини амнияти бозиҳо дар 10 шаҳри мизбони Euro 2016 ҳудуди 90 000 нирӯи пулису артиш ва ширкатҳои хусусии амниятӣ ҷалб шудаанд. Дар пайи ҳамлаҳои хунини ноябри 2015 дар Порис, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, Фаронса таҳти вазъи изтирорӣ боқӣ мемонад. Аз байни 24 тиме, ки ба марҳалаи ниҳоии Euro 2016 роҳ ёфтаанд, шонси пирӯзии Фаронса, Олмон, Испания, Италия ва Англияву Белгияро зиёдтар мешуморанд. Фаронса дар соли 1984 низ мизбони марҳалаи ниҳоии қаҳрамони футболи Аврупо буд ва он навбат чемпион ҳам шуд.

XS
SM
MD
LG