Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони чаҳор бинои истиқоматӣ дар яке аз маҳаллаҳои Хуҷанд ба нишони эътироз аз бунёди хонаҳои баландошёнаи нав дар ҷои бозии фарзандонашон ҳамоиш баргузор карданд. Ҳукумати Хуҷанд ҷиҳати расидагӣ ба муроҷиати сокинони ин биноҳо комиссияи вижа таъсис додааст.

Мақомоти Хуҷанд фардо, 11-уми июн таҳти раҳбарии раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода дар мулоқоти рӯ ба рӯ шикояти сокинони маҳаллаи Мевағул дар бораи норизоии онҳо ба сохтмони биноҳои нави истиқоматӣ дар боғу майдончаи варзишии ин маҳалро ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Маҳмудҷон Дадобоев, сухангӯи раиси ҳукумати Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба мулоқот намояндагони маҳаллаи Мевағул, намояндагони бахши меъмориву шаҳрдорӣ ва масъулони дигар даъват шудаанд. Вай афзуд, аз натиҷаи мулоқот расонаҳоро дар ҷараён мегузоранд.

Ин дар ҳолест, ки сокинони 4 бинои истиқомтаӣ дар маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд мегӯянд, баъди он ки мақомоти маҳаллӣ ба муроҷиатҳои батакрори онҳо посухи радд доданд, садои додхоҳии худро баланд карданд.

Сокинони ин биноҳо дар маҳаллаи Мевағул (собиқ микрорайони 13-ум) аз мақомоти маҳаллӣ хостаанд, ки ба сохтмони ду бинои 9-ошёна дар замини байни биноҳо, ки ягона маҳали бозии фарзандон ва ҷои сайругашти онҳост, иҷоза надиҳад, зеро сохтмони биноҳои нав на танҳо кӯдаконро аз ҷои бозӣ маҳрум мекунад, балки сокинони биноҳои 5-ошёнаро аз нури офтоб низ бенасиб мегардонад.

Санам Отаҷонова, раиси бинои 9-и ин маҳал рӯзи 10-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “рӯзи гузашта коргарон омада, ба буридани дарахтони атрофи ҷои бозии кӯдаконамон сар карданд. Сокинони биноҳо ҳудуди 100 нафар берун шудем ва бо навиштаҳоямон аз раисҷумҳур дархост намудем ба мушкили мо расидагӣ кунанд.”

Санам Отаҷонова мегӯяд, ки мақомоти маҳаллӣ ба муроҷиатҳои расмии онҳо фақат як посух медиҳанд, ки “шумо танҳо ҳаққи истифодаи манзилҳои шахсиятонро доред, вале ба замини назди биноҳо сертификати истифода надоред. Он замин аз они давлат аст, ҳар тавре хоҳад истифода кардан мегирад”. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи сокинон, он биноҳо солҳои 80-уми асри гузашта бунёд шудаанд ва замини назди онҳо низ дар санадҳо мутааллиқи биноҳо, сабт шудааст.

Сокинони ин маҳалла дар ҳамоиш дар рӯзи 9-уми июн навиштаҳое чун “Майдончаи бозиро аз мо гирифта истодаанд”, “Мо дигар ҷои бозӣ надорем” “Ҷаноби Олӣ, бобоҷони мо ёрӣ диҳед !” дар даст доштанд ва аз раисҷумҳур хоҳиш кардаанд, ки нагузорад ҷои бозии кӯдакони ин маҳалла ба маҳали сохтмони биноҳои нав табдил ёбад.

Онҳо мегӯянд, аз мақомот танҳо риояти ҳуқуқҳояшонро, ки меъёрҳои қоидаҳои сохтмон дар Тоҷикистон пешниҳод мекунад, талаб доранд. Мувофиқи он, ҳар бино бояд майдончаи бозии кӯдакон, ҷои истироҳати калонсолон, ҷой барои машғулиятҳои варзишӣ, объектҳои таъиноти хоҷагидошта ва ҳудудҳои сабзазоркунӣ, дошта бошад. Ҳамчунин, меъёрҳои расиши нури офтобу рӯшноӣ ба бино таъин карда шудааст.

Қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар бораи иҷозаи бунёди 2 бинои 9-табақа дар маҳаллаи Мевағул аз сӯи ширати “Холис” дар соли 2013 қабул шуда, вале коргарони ин ширкат моҳи январи соли равон барои оғози кор ба маҳали сохтмон рафтаанд. Аз он вақт то кунун, беш аз 4 моҳ боз сокинони 4 бинои ин маҳалла ба сохтмони биноҳои нав шадидан этироз доранд.

Ин мухолифати сокинони Хуҷанд ба бунёди биноҳои нав дар назди биноҳои кӯҳна ягона нест. Соли гузашта низ дар як маҳаллаи дигари Хуҷанд сокинон ҳамин тавр аз сохтмони бинои наве дар назди хонаашон, ки фазоро ба онҳо танг мекунад, мухолифат намуда буданд. Дар Тоҷикистон, ки ҳаргуна тазоҳурот ва ё гирдиҳамоии беиҷоза мамнӯъ аст, ингуна таҷаммӯъи мардум мақомотро асабонӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG