Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори шортипӯшро ба бонк роҳ надоданд


Як соҳибкор аз шаҳри Навоии Ӯзбекистон мегӯяд, посбонони "Микрокрединтбонк" ба хотири пӯшидани шортӣ ё шими почакӯтоҳ ӯро нагузоштаанд, ки вориди бино шавад.

Соҳибкоре, ки намехоҳад номаш ифшо шавад, ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфт, вай маҷбур шудааст ба хона баргардад ва дар ҳавои сӯзон шортиашро бо шим иваз кунад.

"Дар даромадгоҳи бонк се пулис истодаанд. Онҳо шуморо намегузоранд, ки бо шортӣ вориди бонк шавед. Одам ки наметавонад ҳамеша пӯшиши комилӣ дошта дошад, мо ки танҳо муштарӣ ҳастем", - мегӯяд ин соҳибкор, ки барои гирифтани пули интиқолшуда ба бонк рафта буд.

Аммо кормандони "Микрокредитбонк" мегӯянд, онҳо аз муштариҳо ҳеч навъи пӯшишро талаб надоранд. Дар ҳамин ҳол дар пештоқи бархе аз идораҳои Ӯзбекистон эълони пӯшиши либоси расмӣ барои корафтодаҳо овезон аст. Дар аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки дар даромадгоҳи бинои бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Чилонзори Тошканд ин навишта овезон аст: "Шаҳрвандони муҳтарам!!! Даромад ба бино бо шортӣ, доманҳои кутоҳ ва "майкаҳо"-и гарданвасеъ қатъиян манъ аст".

XS
SM
MD
LG