Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хотираи тоҷикистониҳо аз Муҳаммад Алӣ (ВИДЕО)


Муҳаммад Алӣ, муштзании афсонавӣ, ки рӯзи 3 июн дар 74-солагӣ даргузашт, мисли ҳар ҷои дигари дунё, дар Тоҷикистон низ аз маҳбубияти зиёд бархурдор буд.

Намояндагони чӣ насли гузашта ва чӣ ҷавон дар Тоҷикистон Муҳаммад Алиро як истисно дар таърихи муштзании дунё меҳисобанд, ки бо заҳмату талоши худ ба чунин мақоми воло расидааст. Ҳоло ҳам наворҳои набардҳои ӯ дар миёни мардум маҳбубанд ва варзишгарон онро ҳамчун дастур барои омӯзиш, сармашқи худ қарор медиҳанд.

Муҳаммад Алӣ рӯзи 3 июн дар синни 74-солагӣ даргузашт. Ӯ қариб 30 сол боз аз бемории Паркинсон ранҷ мебурд. Маросими ҷанозаи Муҳаммад Алӣ рӯзи 9 июн тибқи қоидаҳои мусалмонӣ дар варзишгоҳи Луисвилл дар иёлати Кентакки бо ҳузури наздик ба 14 ҳазор нафар баргузор шуд.

Намози ҷанозаи Муҳаммад Алӣ ба ду забон -- арабӣ ва англисӣ хонда шуд ва борҳо аз ӯ ба унвони "қаҳрамони мардум" ном бурда шудааст. Маросими ҷаноза ва ёдбуди ӯ, ки рӯзи панҷшанбе оғоз шуд, то рӯзи ҷумъа идома хоҳад кард. Маросими ба хоксупории Муҳаммад Алӣ тариқи шабакаҳои телевизионӣ ба таври мустақим пахш шудааст.

Дар маросимҳои ҷаноза ва ёдбуди Муҳаммад Алӣ, шуморе аз шахсиятҳои маъруфи дунё, аз ҷумла Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, Билл Клинтон ва Ҳомид Карзай, собиқ руасои ҷумҳури Амрико ва Афғонистон, ҳамчунин шуморе дигар аз шахсиятҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҳузур доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG