Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Теҳрон вазъи Сурия баррасӣ мешавад


Набардҳо дар Сурия идома доранд

Набардҳо дар Сурия идома доранд

Вазирони дифои Русия, Эрон ва Сурия рӯзи 9 июн дар Теҳрон дар робита ба низоъ дар Сурия музокирот анҷом хоҳанд дод.

Вазорати дифои Русия рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки Сергей Шойгу, ҳамтои эронияш Ҳусейн Деҳқон ва вазири мудофиаи Сурия Фатҳ Ёсим ал-Фрайҷ густариши ҳамкорӣ дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳаи Ан-Нусра”-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Маскав ва Теҳрон пуштибонҳои асосии режими Димишқанд ва ба он кӯмаки низомию молиявӣ мекунанд.

Русия моҳи сентябри соли гузашта бомборони мавқеъҳои гурӯҳҳои мухолифи раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро шурӯъ кард, ки ба пирӯзии артиши Сурия дар баъзе аз манотиқи кишвар мусоидат намуд. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия акнун ба нерӯҳои суриягӣ кӯмак мекунанд, ки водии Фуротро аз назорати ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” берун кунад. Маскав ҳамчунин ӯҳдадор шудааст, ки зарбаҳои ҳавоӣ ба шаҳри Ҳалабро афзоиш диҳад.

Низомиёни Русия мегӯянд, ки “Ҷабҳаи Ан-Нусра” бо ҳамла ба шаҳри Ҳалаб созиши оташбаси моҳи феврал ҳосилшударо халалдор кардааст.

XS
SM
MD
LG