Пайвандҳои дастрасӣ

Лағви иҷозаи вуруди 83 ҳазор фаластинӣ ба Исроил дар Рамазон


Боздошти яке аз ҳамлагарон

Исроил вуруди беш аз 83 ҳазор фаластинӣ ба кишвар дар моҳи шарифи Рамазонро мутаваққиф кард. Ин тасмими вазорати мудофиаи Исроил рӯзи 9 июн, як рӯз баъд аз ҳамлаи ду фаластинӣ дар шаҳри Тел-Авив гирифта шуд, ки дар он 4 нафар ҷон бохтанд.

Дар қарори вазорат гуфта шудааст, ҳама иҷозаҳое, ки қаблан ба фаластиниҳои муқими навори Ғаззаҳ ва Каронаи бохтарии руди Урдун барои дидор бо пайвандонашон дар Исроил дода шуда буданд, лағв карда шуданд. Ҳамчунин иҷозаи кор дар Исроил барои 204 тан аз хешу табори ҳамлагаронро бекор карданд.

Ду фаластинӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бозори воқеъ дар маркази Тел-Авив оташ кушоданд. Дар ин ҳодиса чаҳор кас кушта шуда, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамлагарон боздошт шуданд. Ба иттилои полис, онҳо аз рустои Ятта, воқеъ дар Каронаи бохтарии руди Урдун омада буданд. Ба фаластиниҳои муқими ин русто берун рафтан аз Ятта манъ карда шудааст.

Гурӯҳи исломии ҲАМОС аз ҳамла дар Тел-Авив пуштибонӣ кард ва аммо масъулияташро бар дӯш нагирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG