Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 нафар дар ду бомбгузорӣ дар Ироқ


Таркиш дар Бағдод-ал-Ҷадид
Таркиш дар Бағдод-ал-Ҷадид

Бар асари ду бомбгузорӣ дар Бағдод ва атрофи он рӯзи 9 июн дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои полиси Ироқ, инфиҷори мошини ҳомили маводи тарканда дар хиёбони тиҷоратии Бағдод-ал-Ҷадид, дар минтақаи асосан шианишини воқеъ дар шарқи пойтахт, мунҷар ба марги 15 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш 30 каси дигар шуд.

Таркиши дуввуми мошине, ки аз сӯи маргталаб идора мешуд, дар шаҳри Тоҷӣ, дар шимоли Бағдод, рӯй дод ва 5 куштаву 12 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.

Масъулияти таркишҳоро ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо, ба гуфтаи мақомоти ироқӣ, ин гуна инфиҷорҳоро моҳҳои ахир асосан гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом медиҳад.

Бомбгузориҳои ахир дар ҳоле сурат гирифтанд, ки нерӯҳои ироқӣ талоши аз шаҳри Фаллуҷаҳ берун кардани ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ”-ро доранд.

XS
SM
MD
LG