Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози ҷанозаи Қаҳҳор Маҳкамов дар масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб


Қаҳҳор Маҳкамов
Қаҳҳор Маҳкамов

Намози ҷанозаи Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон, зуҳри 9 июн дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб хонда шуд.

Барои видоъ бо Маҳкамов бисёре аз мақомдорони тоҷик, аз ҷумла нахуствазир Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Оҷонсии зиддифасод Рустами Эмомалӣ, вазири адлия Рустами Шоҳмурд ва дигарон ҳузур доштанд. Нирӯҳои пулис ҳамаи намозгузронро аш вурадашон аб масиҷд тафтиш карданд.

Қаҳҳор Маҳкамов шоми 8 июн дар синни 84 аз олам даргузашт ва ба қавли наздиконаш, ҷасади ӯ дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе дар назди қабри ҳамсараш ба хок супурда хоҳад шуд. Ин васияти худи Қаҳҳор Маҳкамов будааст.

XS
SM
MD
LG