Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳумо Ҳудфар ба зиндони Эвини Теҳрон интиқол ёфт


Ҳумо Ҳудфар
Ҳумо Ҳудфар

Мақомоти Эрон як донишманди дорои шаҳрвандии Эрону Канадаро бо иттиҳоми ҳанӯз номаълум ҳабс карданд. Аъзои хонаводаи донишманди 65-сола Ҳумо Ҳудфар рӯзи 9 июн дар як баёния хабар доданд, ки ӯ дар зиндони Эвини Теҳрон нигаҳ дошта мешавад. “Мақомот рӯшан нагуфтанд, ки профессор Ҳудфарро дар кадом ҷиноят айбдор мекунанд – дар ҷосусӣ, ширкат дар ошӯб ё тарғиботи зидди давлат?”, гуфта шудаааст дар баёния.

Хонум Ҳудфар, устоди донишгоҳи Конкордияи шаҳри Монреал ин ҳафта баъд аз се моҳи бозҷӯӣ аз сӯи хадаомти кашфи Эрон боздошт шуд. Моҳи марти соли равон ба ӯ тарки Эронро манъ карда буданд. Аҳли хонавода ва вакили дифоъ аз имкони мулоқот бо Ҳумо Ҳудфар маҳруманд, изҳор карданд пайвандони донишманд.

Моҳҳои гузашта дар Эрон чандин нафар аз афроде, ки шаҳрвандии Амрико, Бритониё ва Фаронсаро ҳам доштанд, бо далелҳои гуногун ба маҳбас афканда шуданд ваё мавриди таъқибу фишор қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG