Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи Аш-Шабоб ба як пойгоҳи низомӣ дар Сомалӣ


Мусаллаҳони гурӯҳи тундрави Аш-Шабоб ба пойгоҳи низомии Ҳабашистон дар Сомалӣ ҳамла карданд. Сокинони атрофи пойгоҳи воқеъ дар шаҳри Ҳолган ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки субҳи рӯзи 9 июн садои таркиши мудҳиш ва тирандозии шадидро шуниданд.

Гурӯҳи Аш-Шабоб изҳор намуд, ки як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар пойгоҳи низомии марбут ба Иттиҳодияи Африқо тарконд ва дигар ҷангиён ба бино ҳамла карда, дасти кам 60 сарбоз аз Ҳабашистонро куштанд. “Аш-Шабоб” ҳалокати 16 тан аз мусаллаҳонашро дар ин ҳамла тасдиқ кард.

Дар ҳамин ҳол Нерӯҳои Иттиҳодияи Африқо, ки ба он низомиёни кишварҳои пуштибон аз ҳукумати ғарбгарои Сомалӣ шомиланд, хабар дод, дар задухӯрд 110 тан аз ситезаҷӯён кушта шуданд.

Аш-Шабоб, ки талоши сарнагунии ҳукумати Сомалӣ ва ҷорӣ кардани қавонини шариат дар ин кишварро дорад, пайваста ба мансабдорон ва нерӯҳои амниятии Сомалӣ ҳамла мекунад.

XS
SM
MD
LG