Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зуҳуров: "Агар қонун хуб амал кунад, эътимод ба ҳукумат бештар мешавад"


Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон имрӯз, панҷшанбеи 9 июн қонуни нави “Муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ”-ро дар таҳрири нав ба тасвиб расонид. Мавлуда Қаландарзода, вакили парлумони Тоҷикистон зимни муаррифии ин лоиҳаи қонун “таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ҳадафҳои аслии қонуни нави “Муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ” унвон кард.

Ба гуфтаи хонум Сатторӣ, қонуни нав аз 5 боб ва 27 модда иборат аст, ки муроҷиати хаттӣ, электронӣ, шифоҳӣ, телефонӣ ва ҳатто тариқи Васоити Ахбори Омма муроҷиати дастҷамъиро таъмин месозад. Валӣ Ваҳҳобов, муовини Додситонии кулли Тоҷикистон низ бар ин бовар аст, ки қонуни нави “Муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ” масъулияти ниҳодҳои давлатӣ барои баррасии саривақтии арзу шикоятҳои мардумро бештар хоҳад кард.

Шукурҷон Зуҳров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасвиби ин қонунро муҳим донист ва гуфт, ки “агар бандҳои қонуни нав хуб амалӣ шавад, эътимоди мардум ба ҳукумат бештар хоҳад шуд”.

XS
SM
MD
LG