Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони ҷамоати селзадаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ рӯз то шом кор мекунанд, то хонаҳояшон то расидани сармо обод шавад. Вале баъзеашон оҷизанду ашк мерезанд, ки фурсат барои хонасозӣ намеёбанд.

Бо гузашти тақрибан як моҳ аз ҳодисаи селхезӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бархе аз хонаводаҳо то ҳанӯз барои шабгузаронӣ чандин километр роҳро тай мекунанд. Онҳо тамоми рӯз ба тоза кардани хонаҳои аз лой пуршуда ва берун овардани ҷиҳозу ашёи боқимондаи худ машғуланд.

Аз хонаи Замира Мамадалиева 43-сола, аз ҷамоти Зайнабобод, ки ду соли пеш бо охирин маблағ таъмир шуда буд, ҳоло ба ҷуз аз чор девори нимрехта чизе боқӣ намондааст. Хонум Замира мегӯяд, наздики як моҳ ба ин сӯ оилаи 8-нафарии онҳо сарсону саргардонанд ва барои шабгузаронӣ бештар аз ду километр роҳ мераванд.

”Дар моҳи Рамазон хеле душвор аст, дар хонаи бародар то чанд вақт зиндагӣ мекунӣ? Хоҳ нохоҳ хона лозим аст. Ҳар рӯз омада лойи хонаро тоза мекунем, дар буйи ғализ истодан намешавад,фарзандон ва набераҳоям бемории дарунрав шуданд.”- афзуд, Замира Мамадалиева

Ба гуфтаи Замира Мамадалиева, дар оилаи онҳо танҳо шавҳараш ҳамчун таксирон кор мекунад ва маблағи ёфтааш фақат барои рӯзгузаронӣ мерасад. Ин мусоҳиби мо афзуд, бо вуҷуди он, ки то имрӯз онҳо аз сӯи давлат барои бунёди манзли нав тахтаву шифер дарёфт кардаанд, вале хишту семент ва дигар маҳсулот намерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Замира Мамадалиева мегӯяд, агар аз ҳоло ба бунёди хона шурӯъ накунанд, намедонанд дар зимистон ҳолашон чӣ мешавад.

Манзили Зиёда Қамбароваи 58-сола, яке аз дигар сокинони ҷамоати Зайнабобод, низ комилан тахриб шудааст. Ӯ мегӯяд, дар ин манзил ӯ бо 17 нафар аҳли хонавода зиндагӣ мекард ва ҳоло намедонад, кай ва чи тавр метавонад соҳиби хонаи нав шавад: “Чанд фарзандам дар Русия кор мекунанд, аммо бинобар бӯҳрони молӣ онҳо низ дигар пули хуб намегиранд. Дар ин хона мо 40 сол зиндагӣ кардем, ҳоло аз он ба ҷуз аз деворҳо ва фарши фурӯрехта чизе намондааст. Ман баъди ин ҳодиса то ҳанӯз ба худ наомадаам ва метарсам, ки вориди ин хона шавам.”

Зиёда Қамбарова меафзояд, ҳоло ҳатто бо каме абрӣ шудани ҳаво ба тарсу ваҳм меафтанд, ва дар фикри ҷойи амн мешаванд. Сокинони аз селхези осебдидаи ҷамоати Зайнабобод то ҳол аз сӯи ҳукумати кишвар 700-долларӣ ва ҳамчуни орду шакару равған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал кӯмак гирифтаанд. Дар ин баробар барои бунёди манзили нав тахтаву шифер низ дода шудааст.

Ба таъкиди ин сокинон, ба фарқ аз селхезиҳои солҳои гузашта, таваҷҷӯҳ ва кӯмаки ҳукумат ба зарардидагон ин дафъа бештар буд. Аз миёни хонаводаҳои зарардида танҳо 8 оила суғуртаи амвол доштаанд. Вале бо ин ҳам 11 манзиле, ки пурра хароб шудаанд, аз сӯи мақомоти суғуртаи давлатӣ бо 2 ҳазор сомонӣ ва 45 манзили қисман хароб шуда бо 500 сомонӣ ҷуброн шудаанд.

Тошпӯлод Қодиров, сокини солманди осебдидаи ноҳияи Рудакӣ, рӯзҳои гарми моҳи Рамазонро бо тоза кардани хоку лойи ҳавлии худ сипарӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло ки гарм аст, аксаран шабро дар ҳавои кушоди ҳавлии нимвайрона рӯз менамояд ва чандон гиламанд ҳам нест.

“Албатта камтар душвор аст, аммо Худо ба шукр ки зиндаву саломат ҳастем, ва аз ҳукумат ҳам кӯмак мегирем. Худо қувват диҳад манзиламонро аз сари нав месозем.”- афзуд Тошпӯлод Қодиров.

Боронгариҳо ва селхезии шадиди шаби 11 ба 12-уми майи имсол сатҳи дарёчаи Элокро боло бурд ва ба 1146 манзили истиқомати ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ осеб расонд. Сокинони ин ҷамоат мегӯянд, ҳарчанд солҳои қаблӣ низ онҳо дар баҳорон шоҳиди селхезӣ мешуданд, аммо офати табии имсоларо онҳо бесобиқа унвон мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG