Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти изтирории ҳавопаймои Миср дар Узбакистон


Ин ҳавопаймои Миср рӯзи 19-уми май дар Баҳри Миёназамин суқут кард ва 66 нафар кушта шуданд.
Ин ҳавопаймои Миср рӯзи 19-уми май дар Баҳри Миёназамин суқут кард ва 66 нафар кушта шуданд.

Як ҳавопаймои Миср ба сабаби таҳдиди бомбгузорӣ дар Узбакистон фуруд омадааст. Мақомоти Миср рӯзи 8 июн гуфтанд, ҳавопаймои Эйрбас A-330-220-ро, ки 135 мусофир дошт, баъди фуруди изтирорӣ дар шаҳри Урганҷ, 840 километрии Тошканд ҷустӯҷу карданд, вале чизе наёфтаанд. Ба гуфтаи мақомот, фарди номаълум ба ширкати ҳавопаймоии Миср занг зада ва гуфтааст, ки дар ҳавопаймо бомб гузоштаанд. Баъди тафтиш ҳавопаймои хатсайри Қоҳира - Пекин парвозашро идома додааст. Баъди суқути як ҳавопаймои Миср бо 66 сарнишинаш дар Баҳри Миёназамин дар рӯзи 19-уми май, ба мақомоти он кишвар чандин хабари бардӯрӯғ дар бораи бомбгузории ҳавопаймоҳо расидааст.

XS
SM
MD
LG