Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати ду сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар Исфара


Дар пайи расидани нардбони оҳанӣ ба сими барқ ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷон бохта, се нафари дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ин ҳодиса нимрӯзи 7 июн дар маҳалали 13-уми шаҳри Исфара рух дода, ин чор нафар дар хонаи яке аз сокинони шаҳр ба ҳайси усто кор мекардаанд. Як манбаъ дар мақомоти умури дохилӣ гуфт, ки ду нафари ҳалокшуда - яке 49 ва дигаре 50 сол - доштаанд.

XS
SM
MD
LG