Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфт


Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо шикаст додани дувумбораи дастаи Бангладеш ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфт.

Бозии ҷавобии дастаҳои Тоҷикистону Бангладеш бегоҳи 7 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Дакка баргузор шуд ва бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Ягона голро дар ин бозӣ Аҳтам Назаров дар лаҳзаҳои аввали рақобат аз зарбаи ҷаримавӣ ва аз масофаи 20 метр ба ҳадаф расонд.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон, баъд аз анҷоми ин бозӣ дар Дакка, ба хабарнигорон гуфт, ки пирӯзӣ ба дастаи Бангладеш барояшон ба осонӣ муяссар нашудааст. Ӯ гуфт, дар тӯли бозӣ борон борида ва ҳаракати футболбозон дар майдонро мушкил карда буд.

"Мо медидем, ки чигуна рақибамон бисёр мехост, дар майдони худ пирӯз бишавад. Аммо хушҳолем, ки ин бозӣ бо пирӯзии мо поён ёфт. Ман аз амалкарди футболбозони худ розӣ ҳастам, ҳарчанд фурсату имкони зиёди голзанӣ доштем," - афзуд ӯ.

Аҳтам Назаров, футболбози тими мунтахаби Тоҷикистон, ки ягона гол дар бозии ҷавобии Тоҷикистону Бангладешро задааст, гуфт, голи ягона ва аммо дар лаҳзаҳои аввал ба ҳадафрасондаи онҳо, ба футболбозони тоҷик нирӯ бахшидааст.

Аз ин пеш, рӯзи 3 июн, тими мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дастаи Бангладешро бо ҳисоби 5:0 мағлуб карда буд. Ин бозӣ бо ҳузури беш аз ҳашт ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи марказии Душнабе баргузор шуда буд.

Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 19-уми бозӣ ҳисобро боз кард. Голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро боз ҳам Эргашев дар дақиқаи 30-юм ба ҳадаф расонд. Голи севумро Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 33-юм вориди дарвозаи меҳмонон кард. Ду голи дигарро дар нимаи дувуми бозӣ Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 49-ум ва Умедҷон Шарифов дар дақиқаи 72-юм заданд.

Ёдовар мешавем, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” бо ҳам ду бозӣ анҷом дода буданд.

Бозии аввал 16 июни соли гузашта дар Дакка бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Дар бозии ҷавобӣ 12 ноябри соли гузашта футболбозони тоҷик дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст доданд.

XS
SM
MD
LG