Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кишварҳои фақир ҳар севумин кӯдак аз рушди зеҳнӣ бозмемонад


Рушди зеҳнии ҳар севумин кӯдаки 3-4-сола дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба меъёрҳои умумӣ ҷавобгӯ нест.

Ба иттилои Бунёди атфоли СММ - ЮНИСЕФ ва Оҷонсии ИМА дар бахши рушди байналхалқӣ, бештаре аз чунин кӯдакон дар кишварҳои тропикии Африқо монанди Чад, Серра-Леоне ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба сар мебаранд.

Аммо, ба назари муаллифони таҳқиқот, истифодаи барномаҳои махсуси рушд ба кӯдакони синну соли гуногун кумак мекунад, то ин мушкилиро пушти сар созанд. Зеҳнан рушд наёфтани кӯдак на танҳо ба саломатиаш зиён дорад, балки дар ташаккули иҷтимоӣ ва тавони дарёфти омӯзиши дуруст низ монеъа эҷод мекунад.

Донишмандон ҳамчунин мегӯянд, гарчанде сабаби асосии пайдошавии рушди кунди зеҳнӣ фақр ва камғизоӣ аст, вале ба ҳар сурат таҳқиқотҳои иловагӣ лозим аст то ин ки табиати падидаи мазкур омухта шавад.

XS
SM
MD
LG