Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии ҷудоихоҳон ба гуфтугӯи руирост бо Савченко


Денис Пушилин

Денис Пушилин

Денис Пушилин, намояндаи расмии Ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск гуфт, агар ба Надежда Савченко салоҳиятҳои зарурӣ дода шавад, ҳукмати ӯ омодааст бо ӯ вориди гуфтугӯи мустақим шавад.

Пушлин дар суҳбат бо "Интерфакс" аз намояндаҳои кунунии Киев дар Гуруҳи сеҷонибаи ҳалли осоиштаи низои Донбас интиқод намудааст. Ба гуфтаи вай, онҳо аз гуфтугӯи мустақим бо раҳбарони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетску Луганск ва ба зимма гирифтани уҳдадориҳо дар иҷрои раванди сулҳ дурӣ меҷӯянд.

Қаблан вакили порлумон Надежда Савченко гуфта буд, Украинаро лозим аст, бо раҳбарони Донетску Луганск Александр Захарченко ва Игор Плотнитский, ки ба гуфтаи вай метавонанд "намояндаҳои мардумӣ"-и ин ҷумҳуриҳои худхонда шумурда шаванд, гуфтугӯи руирост дошта бошад.

Савченко инчунин таъкид кард, ки вай зидди зӯран бозпас гирифтани Донбасс аст ва изҳор дошт, таҳримҳои зидди Русия тамдид шаванд.

Надежда Савченко, халабони украинӣ, ки дар Русия ба 22 соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 25 май ба ватан баргашт.

XS
SM
MD
LG