Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Надия Савченко мехоҳад бо ҷудоихоҳон мулоқот кунад


Надия Савченко-халабони украинӣ мехоҳад бо раҳбарони ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия дар шарқи Украина дар бораи роҳҳои қатъи ҷанги дусола гуфтугӯ кунад.

7 июн Савченко ба матбуоти Украина гуфт, вай бовар дорад, ки гуфтугӯҳои мустақим бо раҳбарони ҷудоихоҳ самарбахштар аз он аст, ки ҳоло бо миёнҷигарии Русияву Украина ва Фаронсаву Олмон музокироти бенатиҷа анҷом мегирад.

Савченко ба “Радио Эра” гуфт, “қадами аввал тамдиди таҳримҳои зидди Русия аст, зеро то ҳол ин кишвар нафаҳмидааст, ки бояд ақибнишинӣ кунад. Қадами дуввум бидуни дарназардошти созишномаҳои Минск барқарор кардани тамосҳои мустақим бо ҷудоихоҳон аст, яъне тамосҳои мустақим бидуни тарафҳои севвуму чаҳорум”.

Вай гуфт, ки шахсан омода аст бо Александр Захарченко ва Игор Плотнитский-раҳбарони ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск дидор ва гуфтугӯ кунад.

Динис Пушилин-намояндаи ҷудоихоҳон дар музокироти Минск гуфт, агар Киев ба Надия Савченко мақоми расмӣ диҳад, раҳбарони ҷудоихоҳи шарқи Украина бо вай мулоқот мекунанд.

XS
SM
MD
LG