Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳилларӣ Клинтон дар муборизаҳои номзадӣ пируз шуд


Ҳилларӣ Клинтон довталаби номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико эълон кард, ки аз байни довталабони ин ҳизб пируз шудааст ва акнун аз ин ҳизб номзади ягона ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ хоҳад шуд. Барак Обама-раиси ҷумҳур вайро бо ин пирузӣ табрик гуфтааст.

Шоми 7 июн хонум Клинтон пирузии худ бар рақиби ҳамҳизбиаш Бернӣ Сандерсро дар Бруклини Нию Йорк баргузор кард. Дар гузашта хонум Клинтони 68 сола сенатор ва вазири корҳои хориҷаи Амрико буд. Вай нахустин хонумест, ки дар Амрико ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад мешавад.

Вай хитоб ба ҷонибдоронаш гуфт: “Ташаккур ба шумо. Мо ба марра расидем. Бори аввал дар таърихи кишвари мо зане номзади аслии ҳизб интихоб шудааст. Мо аз ҳамаи ононе, ки қадам пеш гузоштанд сипосгузорем”.

Кохи Сафед гуфт, ки Барак Обама ба хонум Клинтон занг задааст ва вайро бо ин пирузӣ табрик гуфтааст. Обама ба Сандерс низ занг задааст ва гуфтааст, ки бо вай 9 июн мулоқот мекунад. Сандерс дар райгириҳои ҳизбӣ номзадиро ба хонум Клинтон бохт.

XS
SM
MD
LG