Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Олмон: "Магар роҳе ба ғайр аз боздошту зиндон нест?" (ВИДЕО)


Ҳолгер Грин, сафири Олмон дар Душанбе

Ҳолгер Грин, сафири Олмон дар Душанбе

Суоли ғайриинтизори сафири Олмон дар Душанбе, ки "Оё Тоҷикистон ба ҷуз аз зиндонӣ кардани гумонбарон дар ифротгароӣ роҳи дигар надорад?" нигаронии мақомоти тоҷикро ба бор овард.

Ҳолгер Грин – сафири Олмон дар Душанбе, рӯзи чоршанбе 8 июн дар ҳамоиши "Нақши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ” гуфт, ки мақомоти тоҷик гумонбарон ба ифротгароиро асосан ба зиндон кашида, барои аз ин роҳ баргардондани онҳо аз шеваҳои дигар истифода намекунанд, "Магар ба ҷуз аз боздошту зиндонӣ кардани афроди гумонбар ба ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?”– суол кард сафири Олмон дар Душанбе.

Ҳамоиши “Нақши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ” бо ширкати масъулони ин созмон, сафирони хориҷӣ, мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва коршиносон сурат гирифт ва яке аз мавзӯҳои меҳварии он ҳамкориҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ буд.

Суоли Ҳолгер Грин бо вокуниши мақомоти интизомӣ, ки дар ҳамоиш иштирок доштанд, рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла, Фаромуз Имомбердиев – мушовири бахши амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон гуфт, ки “ҳеч касро дар Тоҷикистон барои ақидааш ҳабсу зиндонӣ намекунанд”.

Ба қавли ӯ, "танҳо онҳое, ки амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ анҷом медиҳанд, тибқи қонун ҷазо мегиранд." Имомбердиев дар идома гуфт, ки Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои тундрав барномаи вижаи тарғибфаҳмондадиҳиро низ рӯи даст гирифтааст, "Бар илова, онҳое, ки довталабона аз кардаашон пушаймон шуда, ба ватан бармегарданд, афв мешаванд" – гуфт ӯ.

Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки “дар мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм аз нерӯи интизомӣ бояд танҳо дар марҳилаи ниҳоӣ истифода шавад.”

Дар ҳамин ҳол Манучеҳр Файзуллоев, намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба ҳамлаҳои хунини Фаронсаву Белжик ва Юнону Туркия аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ гуфт, “кишварҳои Аврупо дар ин росто аз кадом иқдомҳо кор мегиранд ва киҳоро боздошт мекунанд мо ба хубӣ аз васоити ахбори омма огаҳ ҳастем. Вале мо чун кишвари мустақил ва дорои низоми судии худ оиди ин масъала дидгоҳи худро дорем”- афзуд ҷаноби Файзуллоев.

Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегӯяд, то кунун дар кишвар бо қарори додгоҳ 17 ҳизбу созмонҳои ифротӣ фаъолияташон манъ шудааст. Танҳо дар як соли ахир наздик ба ҳазор нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ ва ҳамандешӣ бо ифротгароҳҳо боздошт шудаанд. Аммо Моҳинисо Ҳарисова, мушовир ва як фаъоли ҷомеаи маданӣ аз Хуҷанд, ки дар ҳамоиш ширкат дошт, гуфт, ҳоло фурсате расидааст, ки миёни мафҳуми ифротиҳо ва диндорон фарқ гузошта шавад.

Ба таъкиди хонум Ҳарисова, мавориде ҷой доранд, ки ҷавонон барои адои намоз ва ё гумроҳ гаштан боздошт мешаванд, “мутахассисоне ки дар ин замина кор мекунанд бояд як меъёри муайяне дошта бошанд, ки шахси ифротиву террористро аз диндор ва ё нафари раҳгумзада фарқ гузоранд. Ҳамчунин феҳристи китобе нашр карда шавад, ки доштанашон иҷозат ва ё мамнуъ аст. Чун хабарҳое низ расонаӣ мешавад, ки нисбати ин ё он нафар барои доштани баъзе китобҳои динӣ парванда боз мегардад. ”

Масъулони додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон стратегияи нави мубориза бо терроризму ифротгароӣ таҳия шудааст, ки ҳадафи он маҳз ҷилавгирӣ аз пайравӣ ба ақидаҳои ифротгароӣ ва террористӣ равона гардидааст. Ба гуфтаи масъулон ҳоло ин стратегия барои мувофиқа ба ниҳодҳои мухталифи кишвар фиристода шуда, ба зудӣ тасвиб мегардад.

Дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир садҳо нафар бо гуноҳи ифротгароӣ ва ё узвият дар созмонҳои тундраву террористӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар ин миён онҳое ҳам ҳастанд, ки барои эътиқод пушти панҷара рафтаанд.

Иддае аз нозирони умур бар ин назаранд, ки баёнияҳои дипломатҳои аврупоӣ дар бораи шеваҳои мубориза бо ифротгароӣ, ишорае ба таъқибу боздошт ва зиндонӣ шудани фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ аст. Ба гуфтаи ин нозирон ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолони ин ҳизби ҳоло мамнӯъ ба зиндон кашонда шудаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 14 узви раёсати ҳизби наҳзати исломиро аввали моҳи июн бо гуноҳҳои терроризму қатл ва даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифо ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди он ошӯб ҳизби наҳзатро “созмони террористӣ ва ифротӣ” номид ва фаъолияташро манъ кард. Аммо раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, ин иттиҳомотро рад мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG