Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод: "Вазъи иқтисодиро хуб кунед, вазъи амниятӣ беҳтар хоҳад шуд"


Дар ҳоле ки мақомот барои ҷилавгирӣ аз гароиши сокинон ба саффи тундравҳо чораи амниятиро сахттар мекунанд, баъзе аз таҳлилгарон пешниҳод доранд, ки ба ҷойи ин вазъи иқтисодӣ зудтар беҳбуд бахшида шавад.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 8 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки вазъи бади иқтисодӣ одамонро руҳшикаста карда, хавфи ба шасти тундравҳо афтодани онҳоро бештар хоҳад кард. Ӯ гуфт, "бо беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои амниятӣ осонтар шуда, пайвастани мардум ба сафи тундгароён қатъ хоҳад гардид. Дар вазъияти бади иқтисодӣ ҳар кас метавонад баҳона кунад, ки зиндагиаш хуб нест ва аз имкон дур нест, ки чунин афрод ба осонӣ фиреби нирӯҳои тундгароро бихӯранд."

Вақте ки норозиён аввал дар водии Рашт ва сипас дар вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бар зидди ҳукумат садо баланд карданд, ҳукумат дар ин минтақаҳо тадбирҳои амниятиро тақвият дод ва ба ин минтақаҳо нирӯ фиристод. Саранҷом ба хулоса расид, ки бояд нирӯҳои низомӣ дар ин минтақаҳо бимонанд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Ахиран нирӯҳои ҳукуматӣ дар дараи Ромит, дар 40-50 километрии шарқи Душанбе, мустақар шуданд. Ба эҳтимоли зиёд ҳадафи ин нирӯҳо пешгирӣ аз вуруди ҳар гуна гурҳҳои тундрав ё зиддидавлатӣ ба ин минтақа мебошад, агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки ин минтақа ба Душанбе наздик аст ва онро ҳар нирӯ метавонад барои ҳамла ба пойтахт чун пойгоҳ истифода кунад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин дараро нирӯҳои мухолифони давлат чун пойгоҳ истифода кардаанд. Моҳи сентябри соли 2015 низ нирӯҳои генерали шӯришӣ Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, низ ба ҳамин дара паноҳ бурданд.

Ҳоло баъд аз пахши ин шӯриш ва мамнуъ эълон шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ нирӯҳои ҳукуматӣ ин дараро зери пӯшиши амниятии худ гирифтаанд. Вале таҳлилгарон мегӯянд, ки дар минтақа нирӯҳои дигари тундгаро ҳастанд ва ин нирӯҳо на танҳо нигаронии ҳукумати Тоҷикистон, балки нигаронии ҳукуматҳои кишварҳои дигари Осиёи Миёнаро низ ба бор овардаанд.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Бо назардошти ин, таҳлилгарон андешидани тадбирҳои амниятиро амри зарурӣ мешуморанд ва онро омили боздоранда аз ҳар гуна шӯриш медонанд. Нуралӣ Давлат, ки таърихи муосири Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад, гуфт: “Нирӯҳои тундгаро танҳо бо дастгирӣ аз хориҷ метавонанд дар ҳар кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон бебандубориҳо созмон диҳанд. Дар чунин ҳолат нигарониҳои ҳукумати Тоҷикистон асос дорад. Дар сурати ғайр нирӯҳои ҳукуматӣ метавонанд вазъи дохилии кишварро дар назорати худ дошта бошанд”.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари дигари тоҷик, гуфт, дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта бефаъолиятии ҳукумат ва то андозае бетарафии он сабаби фурӯзон шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд ва ҳукумат контроли вазъро аз даст дод. Аммо ӯ мегӯяд, танҳо такя ба нирӯ ва бархӯрд аз мавқеи зӯр ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад ва набояд аз ёд бурд, ки контроли беш аз ҳад ва тақвияти тадбирҳо, аз ҷумла, такя ба нирӯ гоҳо сабаби поймол кардани ҳуқуқи инсон низ мешавад.

“Дар ҳама ҷо ҳалли масъалаҳо аз роҳи зӯр ё истифода аз нирӯ сабаби нақзи ҳуқуқи инсон мешавад. Ман аз он бим дорам, ки дар оянда низ шоҳиди шиканҷаҳои эҳтимолӣ хоҳем шуд ва чунин сахтгириҳо идома хоҳанд ёфт ва ҳукумат аз ин кор даст намекашад,” – афзуд Абдуллоев.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Ин таҳлилгари тоҷик гуфт, ҳукумати Тоҷикистон сахтгириро ягона роҳи пешгирӣ аз густариши тундгароӣ ва таъмини оромӣ дар кишвар медонад ва ба ин далел аз ин роҳ барнахоҳад гашт: “Барои ҳамин дар оянда фишори сиёсиву низомӣ дар кишвар сахттар хоҳад шуд ва чораҳо бештар ташидид хоҳанд ёфт ва гуногунандешӣ маҳдуд хоҳад шуд.”

Аммо Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки ҳанӯз дер нашудааст ва роҳи бурунрафт вуҷуд дорад. “Дар сохторҳои иқтисодӣ бояд таъмир ё ислоҳот анҷом бигирад. Гурӯҳҳои ифротгаро ҳамеша фаъоланд, лекин агар заминаҳои иқтисодӣ устувор бошад, чизе аз дасти онҳо намеояд,” – гуфт ӯ.

Ҳоло дар минтақа вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ мураккаб аст, бӯҳрон авҷ мегирад ва замина барои тарғиби ҷунбишҳои гуногуни ифротгаро фароҳам меояд. Барои ҳамин, нигарониҳо на танҳо дар доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари минтақа низ мушоҳида мешаванд.

Досим Саптаев, сиёсатшиноси қазоқ дар Алмаато, мегӯяд, “кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми сӯҳбат дар бораи тундгароён ё норозиёни сиёcӣ набояд ангушти ишора ба сӯи кишварҳои хориҷӣ ё созмонҳои хориҷӣ бардоранд. “Гунаҳкорон” ё тундгароён маъмулан шаҳрвандони худашон ҳастанд, ки дар низоми мавҷудаи сиёсии кишварашон зиндагии арзанда наёфтаанд ё ба суолҳои худ ҷавоб пайдо карда наметавонанд. Маъмулан ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав мегараванд, чунки онҳо оила ташкил карда наметавонанд, дурнамои зиндагӣ барояшон рӯшан нест. Ҳукумат ба чунин афрод баръакс фишор меорад, ки ба тундравҳо ҳамроҳ нашаванд. Вале бо ин кор ҳукумат заминаҳои демократиро маҳдуд мекунад ва ин бад-он маъност, ки ҳукумат бо дастони худ онҳоро ба сӯи тундгароӣ тела медиҳад”.

Саптаев мегӯяд, рӯҳониёни ин кишварҳо бояд бо ҷавонон кор кунанд, то онҳо ба дасти тундравҳо наафтанд. “Иқтисод бояд рушд кунад. Дар сиёсат бояд рӯҳияи мардум дар назар гирифта шавад. Гузашта аз ин, ҳукуматҳо бояд мухолифони худро ба чаҳорчӯбаи қонунӣ дароранд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳо ба фаъолияти онҳо назорат кунанд, то онҳо ба фаъолияти пинҳонӣ рӯ наоранд,” – хулоса кард Саптаев.

XS
SM
MD
LG