Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносон: "Нооромӣ дар Оқтеппа барои Тоҷикистон бад аст"


Оқтеппа баъд аз ҳамлаҳои рӯзи 5-уми июн. Идомаи амалиёт барои боздошти афроди мусаллаҳ.

Оқтеппа баъд аз ҳамлаҳои рӯзи 5-уми июн. Идомаи амалиёт барои боздошти афроди мусаллаҳ.

Ҳамлаҳову хунрезӣ дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистонро бархе коршиносони тоҷик “ҳодисаҳои худҷӯши муввақатӣ” ва баъзеи дигар “оғози амалии тарҳи нооромии саросарӣ” арзёбӣ мекунанд. Яке аз онҳо Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақавӣ рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаҳои Оқтеппа ба оғози таҳаввулоти ҷиддӣ дар Украина ва Сурия шабоҳат дорад. Таҳлилгари тоҷик тазоҳуроти моҳи пеш алайҳи ислоҳоти Кодекси заминро ба ёд овард. Баъди ин тазоҳуротҳо дар шаҳрҳои гуногуни кишвар ҳукумат қабули тарҳи нави Кодекси заминро, ки хусусигардонии замин ва ба иҷора додани онро дар назар дошт, ба таъхир андохт.

“Таҳаввулоти Қазоқистон баёнгари он аст, ки ин ҷо таҳавулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист. Садо баланд кардани як гурӯҳи зоҳиран ифротӣ дар ин кишвар ва бо баёнияҳои орӣ аз алфози исломӣ ба хотири ҷалби миллигароҳо баёнгари он аст, ки ҳам барои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои Авуросиё таҳдидҳои ҷиддӣ дар роҳ аст. “

Рӯзи 5 июн як гурӯҳи силоҳбадаст, ки мақомот онҳоро ифротӣ унвон мекунанд, ба ду фурӯшгоҳи аслиҳа ва қисми низомии Горди миллии Қазоқистон дар Оқтеппа ҳамла оварданд. Дар ин даргириҳо то кунун аз ҳарду тараф 19 нафар кушта шудаанд.

Маҳдии Собир, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, Қазоқистон акнун ба хатари ифротиҳо рӯ ба рӯ шудааст, вале Тоҷикистон солҳост боз бо ифротиён даст ба гиребон аст. Ба назари таҳлилгари тоҷик, ҳукумати Қазоқистон баръакси ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳҳои ифротиро ҷиддӣ нагирифт ва ҳоло ин гурӯҳҳо барояш хатари ҷиддӣ сохтаанд. Айни замон ба қавли ӯ, Қазоқистон метавонад, дигарбора вазъро ором кунад.

“Дар Тоҷикистон медонистанд ва ҳоло ҳам медонанд, ки кадом гурӯҳҳо вазъро ноором мекунанд. Мисли Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ва салафиҳо. Аммо дар Қазоқистон то ҳол гурӯҳои ифротиро ҷиддӣ намегирифтанд ва фикр мекунам, дар шинохти ин гурӯҳҳо талоше анҷом намешуд. Ҳоло бо истифода аз ин вазъ, гурӯҳҳои норозии дигар ҳам метавонанд, истифода кунанд. Аммо фикр мекунам, ки вазъ мисли Тоҷикистон дубора ором мешавад ва ин ҷо нооромиҳо идома нахоҳанд ёфт.” – гуфт, Маҳдии Собир.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳарчанд возеҳ нест, ки кадом гурӯҳ ва чаро вазъро дар Оқтеппа ноором кардааст, вале ба қавли онҳо, ҳар таҳаввулот дар Қазоқистон метавонад, ба Тоҷикистон ҳам таъсир бигузорад. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, аҳамияти иқтисодии Қазоқистон барои Тоҷикистонро ёдрас кард, ки бозорҳои кишварро бо орд таъмин мекунад ва роҳҳои транзитиаш ба Русияву Аврупо ҳам барои Тоҷикистон роҳҳои ҳаётӣ ба ҳисоб мераванд, барои кишварҳои дигари минтақа ҳам. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, аксарият чунин мешуморанд, ки ҳамлаҳо кори дасти ифротиён аст, вале ба қавли ӯ дигар омилҳоро низ бояд ба инобат гирифт.

“Ифротиён дар Қазоқистон аққалият ҳастанд. Ҳарчанд, онҳо дар ин кишвар фаъол бошанд ҳам аммо кори бузурге аз дасташон намеояд. Дар Қазоқистон бештар қишри рӯшанфикрон ва тоҷирон таъсиргузор ҳастанд. Ин ду қишр аз амалкардҳои ахири ҳукумат норозӣ ҳастанд. Дар кишвар афкори омма мухолифи додани заминҳо барои иҷора ба Чин буд. Ҳукумат афкори оммаро ба назар нагирифт ва ин боиси эътирозҳо шуд” -гуфт, Муллоҷонов.

Бо дарназардошти ин раванд, ба қавли Муллоҷонов мумкин аст, гурӯҳҳои норозие, ки мехоҳанд низоми Қазоқистон дигар шавад, бештар ба рӯшанфикрон ва тоҷирони норозӣ, ки миёни омма эътибор доранд, такя кунанд.

“Дар Қазоқистон рӯшанфикрон то ҷое нуфуз пайдо кардаанд. Тоҷирон нуфуздор ҳам дар Қазоқистон норизоянд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар кишвар дар ояндаҳои наздик ҷумбишҳо ва мухолифони нав пайдо шаванд.” - мегӯяд ӯ.

Қазоқистон то чанд соли пеш оромтарин кишвари Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд ва солҳои дароз аст, ки ба Тоҷикистон садҳо ҳазор тонна орду гандум ва маводи сӯхт мефурӯшад. Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷироне, ки аз Русия ихроҷ шудаанд дар Қазоқистон кор мекунанд. Изҳори назари коршиносони тоҷик дар бораи таҳаввулот дар кишвари калонтарини Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Қазоқистон ҷустӯҷуи дасти кам 6 узви боқимондаи гурӯҳи мусаллаҳеро идома медиҳанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои онҳо 19 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG