Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндагӣ дар "чӯл". Орзуи хондани "Алифбо" дар 16-солагӣ (ВИДЕО)


Аъзои як хонавода дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 17 сол боз дар майдони холӣ, дар маҳалли беодам зиста ва ҳоло аз мақомоти кишвар талаб доранд, ки онҳоро ба ҷойи беҳтар бикӯчонанд.

Ин хонавода соли 1999, дар пайи боло рафтани сатҳи оби дарё, хонаашонро аз даст дода, баъдан бо ёрии ҳукумат ба ин маҳалли беодам оварда шудаанд. Ҳоло наздиктарин ҳамсояи оилаи Одинаевҳо ҳадди ақалл дар масофаи панҷ километр дуртар аз манзили онҳо воқеъ аст.

Санавбар Одинаева, модари хонавода, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ба далели аз ҳад дур будани роҳ то мактаб ҳатто кӯдаконашон аз таҳсил дур монда, дар ин муддат ақаллан хатти интиқоли барқ ба “деҳаашон” низ кашида нашудааст. “Вақте оби дарё баланд шуд, хонаамонро шуста бурд. Баъд, ҳукумат моро ба ҳамин ҷо овард ва мо ҳам хона сохтем. Гуфта буданд, ки кашидани хатти интиқоли барқ ва масъалаи мактабу табобатхонаро дар назар мегиранд, вале дар ин муддат чизе тағйир анёфтааст,” - афзуд ӯ.

“Деҳа”-и Одинаевҳо ҳамагӣ аз як хоҷагӣ, яъне танҳо аз оилаи онҳо иборат аст ва ин деҳаро дар ноҳияи Бохтар бо номи “Дӯстӣ” мешиносанд. Одинаевҳо мегӯянд, ки чун ҷои рафтан надоштанд, дар ҳаминҷо боқӣ монданд, аммо бархе аз хонаводаҳо, ки ҳамроҳи онҳо омада буданд, ба сабаби набудани шароити зист ва хатти барқ ин маконро тарк кардаанд.

Назурбӣ Одинаева, бибии хонавода мегӯяд, “як касал мешавем, на роҳ дорему на - духтур. Мо пир шудем ва рӯзгори худро дидем. Аммо дилам ба ҳоли набераҳо месӯзад. Инҳо ҳеч чизро надиданд. Намедонем, чӣ кор кунем?”

Инобати 16-сола ва Сарвинози 13-сола маҳалли зисташонро “чӯл” ё биёбон ном мебаранд. Онҳо мегӯянд, модару бибиашон ҷои дугонаҳоро гирифта ва кори саҳро мактабро иваз кардааст. Сарвиноз мегӯяд, “бисёр мехоҳам, ки бихонем, лекин мактабамон дур аст. Дар вақти зимистон роҳ тамоман лой мешавад ва илоҷи роҳгардӣ нест. Баъд худамон танҳо барои рафтану омадан метарсем.”

Инобат ҳам гуфт, ҳарчанд тамоми кори хонаву саҳро аз дасташон меояд, вале хатту савод надоранд ва ин чизест, ки бисёр азияташон мекунад. “Орзу дорем, ки ҳанӯз дер нашуда, моро ба ҷойи наздики деҳа баранд, то хондану навиштанро ёд гирем. Дар ҷойе бошем, ки қувваи барқ боша, телевизион бошад,” – гуфт ӯ.

Падари Сарвинозу Инобат барои дарёфти рисқу рӯзӣ ба Русия рафтааст. Даромади аслии хонавода аз пулҳои фиристодаи ӯст.

Абдуғаффор Ёров, муовини раиси ҷамоати “Бохтариён”-и ноҳияи Бохтар дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки аз ҳоли ин хонавода хабар доранд. Ӯ гуфт, воқеан, дарди Одинаевҳоро эҳсос мекунад, аммо ба гуфтаи ӯ ҳалли ин мушкил аз адсти ҳукумати ҷумҳурӣ меояд.

“Мушкил аст. Барқ нест, роҳ дур ва зиндагияшон душвор. Хоҳиш доранд, ки замине барояшон диҳанд, то барқ дошта бошаду ба мактаб наздик. Инро ҳукумати кишвар ҳал карда метавонад,” – гуфт Ёров.

Вале оилаи Одинаевҳор мегӯянд, то ҳол ба чанд номаи худ дар бораи ба ҷои дигар кӯч дода шуданашон посух нагирифтаанд. Онҳо мегӯянд, “ҳама ҷои дунё сарои ман аст”, вале мехоҳанд, дар маҳалли беҳтар ва мисли хонаводаҳои дигар зиндагӣ дошта бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG