Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 кушта ва 36 захмӣ - дар бомбгузории Истамбул


Маҳалли таркиш
Маҳалли таркиш

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар пайи таркиши субҳи 7 июн дар маркази Истамбул гуфт, Туркия набардаш алайҳи терроризмро “то охир” хоҳад расонд. Бар асари таркиши бомб дар маркази Истамбул 11 нафар кушта ва 36 тани дигар захмӣ шуданд. Волии Истамбул Восиф Шоҳин гуфт, дар байни кушташудаҳо 7 афсари пулис ҳам ҳаст. Шоҳин гуфт, маводи тарканда дар дохили як мошин ҷобаҷо шуда буд ва дар назди бинои Донишгоҳи Истамбул ва маҳаллаи таърихии шаҳр вақте таркид, ки автобуси маъмурони пулис аз роҳ мегузашт. Ҳанӯз касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Вале дар анҷоми чанд ҳамлаи қаблӣ дар Туркия чирикиҳои ҳизби коргарии Курдистон ва ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” айбдор шуданд.

XS
SM
MD
LG