Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришгари СММ ҳукми наҳзатиҳоро маҳкум кард


Девид Кайе

Девид Кайе

Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён Девид Кайе ҳукми зиндони тӯлонии раҳбарони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро маҳкум кард. Девид Кайе рӯзи 7 июн дар баёнияаш гуфт, “ҳукми шадиди раҳбарони мухолифин афзоиши беҳадди маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Саркӯби ҲНИТ дар як соли охир яке аз овозҳои ангуштшумори мухолифро дар ин кишвар хомӯш кард.” Ӯ афзуд, “эъмоли чунин чораҳои тунду худсарона алайҳи мухолифон ва раҳбарони мазҳабёӣ натанҳо қобили қабул нест, балки хатарнок ҳам ҳаст, чунки танҳо ба тундравтар шудани онҳое, ки берун аз арсаи баҳсҳои ҷамъиятӣ мемонанд, оварда мерасонад.” Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2 июн муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаитро ба ҳабси абад ва 11 тани дигар аз раҳбарони ин ҳизби мухолифро ба мӯҳлати аз 14 то 28 сол маҳкум ба зиндон кард. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳизбро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар сентябри соли 2015 айбдор мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди он ошӯб фаъолияти ҳизби наҳзатро ҳамчун “созмони террористӣ ва ифротӣ” манъ кард. Аммо раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, ин иттиҳомотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG