Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҷозоти як сокини Душанбе барои табдили доллар


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як сокини Душанберо барои ивази бидуни иҷозаи доллар ба маблағи бештар аз 21 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Додгоҳ мегӯяд, ки Солеҳҷон Саидови 25-сола бе қайди давлатӣ ва иҷозаи Бонки Миллӣ дар назди бозори Варзоб, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии Душанбе, ба ивази асъори хориҷӣ машғул шудааст.

Аз ҷумла, дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки “ӯ рӯзи 11 апрели соли ҷорӣ 2700 доллари Комрон Акбаровро бо қурби 7,89 дар ивази як доллар харида, бо ин роҳ ба ивази ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул шудааст. Дар маҷмуъ маблағи ивазкардаи ӯ бо қурби асъори миллӣ 21 ҳазору 303 сомониро ташкил медиҳад.”

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ки ин исокини Душанберо бар асоси моддаи 286, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст.

XS
SM
MD
LG