Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Калмуханбет Қосимов, вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ҳаводиси 5 июн дар Оқтеппа "амали террористӣ" арзёбӣ мешавад.Бар асоси иттилои расмӣ, теъдоди кушташудагон дар натиҷаи ҳамлаҳо ва амалиёти зиддитеррористӣ ба дастикам 17 нафар расида, 11 тан аз кушташудаҳо ҳамлагарон, 4 тан аз нирӯҳои амниятӣ ва дуи дигар аз мардуми осоишта будаанд. Дар ин ҳамлаҳо ҳамчунин даҳҳо корманди нерӯи амниятӣ ва як сокини осоиштаву ду ҳамлагар ҳам захмӣ шудаанд.

Мақомоти Қазоқистон аз боздошти 8 гумонбар хабар додаанд.

Рӯзи якшанбе, 5 июн як гурӯҳи силоҳбадаст ду фурӯшгоҳи аслиҳаро дар Оқтеппа ғорат карда, тавассути автобуси мусофирбар ба қисми низомии Горди миллии Қазоқистон ҳамла оварданд. Мақомот гуфтанд, эҳтимол меравад, ҳамлагарон пайрави "ҳаракати ифротгарои динии ғайрисуннатӣ" бошанд.

Афроде бо номи "Артиши озодибахши Қазоқистон" бо пахши як изҳорот масъулияти ҳаводиси Оқтеппаро бар ӯҳда гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG