Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар мағозаҳои шаҳри Могилёви Беларус ҳамаи глобусу харитаҳое, ки Қримро қаламрави Русия нишон дода буданд, аз фурӯш бардошта шуданд.

Тавре сомонаи euroradio.fm хабар медиҳад, ин баъди он рух дод, ки Раёсати савдо ва хизматрасонии вилояти Могилёв "ба нуктаҳои савдо тавсия дод, то харитаҳоеро, ки ҷойгиршавии Қрим он ҷо нисбати харитаҳои ҷаҳонӣ фарқ дорад, аз фурӯш бардоранд."

Мақомоти маҳаллӣ баъди муроҷиати муовини аввали ҳизби Сотсиал-демократии Белорус "Громад" Игор Борисов ба ин масъала пардохтанд. Борисов гуфтааст, чунин харитаҳо мардумро ба роҳгумӣ мебаранд ва хилофи мавқеи расмии Беларус дар масъалаи Қрим аст.

Ин харитаҳоро ширкати ZACHEM-GŁOWALA-и Лаҳистон нашр кардааст. Мудири ширкат Кшиштоф Гловала гуфт, онҳо ба хотири аз даст надодани бозори Русия дар харитаҳо Қримро қаламрави Русия нишон додаанд.

XS
SM
MD
LG