Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гирдиҳамоии петербургиҳо зидди "пули Қодиров"


Дар гирдиҳамоии ҳамоҳангшудаи зидди гузоштани пуле бо номи Аҳмад Қодиров наздики ҳазор одам иштирок кард.

Ин тазоҳурот бо дархости ташкилкунандагонаш вакилон Максим Резник ва Олга Галкина дар шакли умумишаҳрвандӣ бо парчамҳои Русияву Санкт-Петербург ва бе шиорҳои сиёсӣ баргузор шуд.

Иштирокдорон талаб карданд, қарори Комиссияи номгузорӣ, ки тавсия дод пули болои дарёи Дудергофский ба номи Қодиров гузошта шавад, бекор гардад.

Дар муроҷиатномаи гирдиҳамомадагон, ки пеш аз баргузории тазоҳурот паҳн шуд, омадааст, "ин таҷаммуъ зидди чеченҳо несту хусусияти миллатгароӣ ҳам надорад. Он зидди талошҳои ҳукумати шаҳр аст, ки назари петербургиҳоро нодида мегирад. Дар бораи Аҳмад Қодиров бояд гуфт, агар ҳукумат сахт мехоҳад, ин "қаҳрамони Русия"-ро эҳтиром кунад, пас бигзор пешниҳод намояд, масҷид ё иншооте ба номи вай гузошта шавад, ки ба фаъолияташ рабт дорад".

Таҷаммуъгарон бештар ин ду шиор - "Ин шаҳри мост!" ва "Нест бод пули Қодиров"-ро сар медоданд.

XS
SM
MD
LG