Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон ё Трамп? Номзади демократҳо низ ниҳоӣ шуд


Ҳилларӣ Клинтон теъдоди кофии вакилони анҷумани ҳизби демократи Амрико барои таъмини пешбарии номзадиаш ба мақоми президентӣ аз ин ҳизбро ба даст овард. Бино ба гузоришҳои расонаҳои амрикоӣ, Клинтон рӯзи 6 июн баъди интихоботи муқаддамотӣ дар Пуэрто-Рико алакай овози 2383 вакили анҷумани демократҳоро ба худ ихтисос дод ва метавонад нахустин номзади зан аз ин ҳизб ба президентии Амрико шавад. Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, раисиҷумҳури кунунӣ Барак Обама низ аз Ҳилларӣ Клинтон ба унвони муносибтарин вориси худ пуштибонӣ кунад. Вале охирин рақиби Клинтон аз ҳизби демократ – Берни Сандерс гуфт, муборизаро барои касби мақоми номзади демократҳо идома хоҳад дод. Сандерс худро номзаде мешуморад, ки метавонад номзади эҳтимолии ҳизби ҷумҳурихоҳ миллиардер Доналд Трампро дар интихоботи моҳи ноябр шикаст бидиҳад. Доналд Трамп низ алакай овозҳои шумори кофии вакилони анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳро ба даст овардааст.Анҷумани ҳизби демократ моҳи июл ва аз ҷумҳурихоҳон моҳи август баргузор мешавад. Клинтон – ҳамсари президенти собиқ Билл Клинтон ва вазири пешини хориҷаи Амрико, 68 сол дорад. Трамп, ки миллиардҳои худро аз риштаи сохтмон ба даст овардааст, як сол аз рақиби демократаш бузургсолтар аст.

XS
SM
MD
LG