Пайвандҳои дастрасӣ

Омори расмии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон нишон медиҳад, ки шумори муҳоҷирони корӣ аз ин кишвар дар 5 моҳи аввали соли равон 7 дарсад кам шудааст. Рухшона Ёрмамадова аз шӯъбаи таҳлили Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, тайи моҳҳои январ-майи соли 2016 аз Тоҷикистон 267 814 нафар, аз ҷумла 33 317 зан, ба қасди мардикорӣ ба Русия ва 5 ҳазор тани дигар бо айни мақсад ба Қазоқистон сафар кардаанд. Дар ҳамин муддат аз Русия 104 ҳазор ва аз Қазоқистон 4,5 ҳазор муҳоҷири корӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ин дар ҳолест, ки омори ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – шумори муҳоҷирони кории тоҷик танҳо дар Русияро 872 ҳазор нафар нишон медиҳад.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, 330 ҳазор атбои ин кишвар ба рӯйхатҳои сиёҳи Русия афтода, аз ҳаққи сафар ба ин бозори асосии кори муҳоҷирони тоҷик маҳрум шудаанд.

XS
SM
MD
LG