Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як муҳоҷири тоҷикро дар Маскав захмӣ кардаанд


Афроди ношинос як муҳоҷири тоҷикро бо чанд зарби корд захмӣ кардаанд ва ӯ феълан дар бемористони ба номи Боткинаи шаҳри Маскав бистарист. Масъулони сафорати Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ҳодиса рӯзи 5 май дар ҳудуди маркази тиҷории “Москва” рух дода, шаҳрванди Тоҷикистон Усмонов Қиёмиддин Зиёевич аст.

Табибон гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло аз шуъбаи эҳё берун оварда шуда, вазъи саломаташ муътадил аст. Намояндагони сафорат ва вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав бо табибони бемористони Боткина ва инчунин муфаттишон суҳбат карда, хостори муҷозоти омилони ҳамла ба Қиёмиддин Усмонов шудаанд.

Ба иттилои расмии намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аммо то ҳол афроди ҳамлагар дастгир нашудаанд.

XS
SM
MD
LG