Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷавоби марги духтараму тифли батнашро кӣ медиҳад?" (ВИДЕО)


Духтаре, ки ҷон доду нишони фарзандашро надид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Навори суҳбати Муяссара Аҳмадова, модари Мастура

Парвандаи як сокини ноҳияи Шаҳринав, 43-километрии ғарби Душанбе, базудӣ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд, ки барои оташ задан ва ба марг расондани Мастура Аҳмадоваи 26-сола муттаҳам аст. Аз нафари гумонбар танҳо "М.К." ва хоҳаршӯи Мастура Аҳмадова ном бурда мешавад.

Як манбаъ дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳринав рӯзи 7 июн ба Озодӣ гуфт, алайҳи “М.К.” бар асоси моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ” парванда боз шудааст. Аммо хонаводаи Мастура Аҳмадова ин талошҳоро нокофӣ хонда ва мегӯянд, бо гузашти тақрибан се моҳ аз ин қазия ҳанӯз омилони марги духтарашон дар озодӣ ҳастанд.

Муяссара Аҳмадова, модари Мастура, бо муроҷиати расмӣ ба Кумитаи кор бо занон хостори ба ҷавобгарӣ кашондани омилони марги духтараш шудааст. Ин сокини 55-солаи шаҳри Турсунзода дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ин қазия чандон содда нест, чун дар пайи оташ зада шудани духтараш дар хонаводаи шавҳар натанҳо ӯ, балки тифли панҷмоҳаи батни ӯ низ ҳалок гардидааст.

Ӯ нақл кард, ки Мастура панҷ сол пеш бо як сокини ноҳияи Шаҳринав издивоҷ карда, як духтар дошт ва ба дунё омадани фарзанди дувумашро интизор буд. Ба қавли Муяссара Аҳмадова, аммо зиндагии духтараш баъди талоқ гирифтани хоҳаршӯяш ва дар хонаи онҳо маскун шудани ӯ “талх гардидааст”.

“Хоҳаршӯяш бо ду кӯдаки худ дар хонаи падар меистад. Шавҳар надорад. Мастура ба хона даромадааст, то кӯдакашро дар гаҳвора бихобонад. Дар сари гаҳвора будааст, ки хоҳаршӯяш як пакети селофании сиёҳро оварда, ба сару рӯяш бензин задааст. Сипас гӯгирдчӯбро оташ зада, ба сӯяш ҳаво додааст. Духтарам ба рои наҷоти кӯдаки гаҳворааш рӯи ӯро бо кӯрпа пӯшондааст, вале худаш 90 дарсад сӯхт ва баъди чанд муддати табобат сиҳҳат нашуду аз дунё рафт," – гуфт ӯ.

Ҳоло Муяссара Аҳмадова аз он нигаронӣ дорад, ки қазияи марги духтараш ба кундӣ пеш меравад ва мақомот то ҳанӯз касе аз пайвандони шавҳари Мастураро барои ин аъмолашон ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Дар ҳамин ҳол, хонаводаи шавҳари Мастура Аҳмадова иддао доранд, ки ӯро касе насӯзонда, баръакс, ӯ даст ба худсӯзӣ задааст. Аммо дар як тамоси телефонӣ пайвандони шавҳари Мастура нахостанд, ки дар бораи ин қазия ҷузъиёт бидиҳанд.

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки баъди гирифтани муроҷиати расмии Муяссара Аҳмадова аз паси кор шуда, алакай дар ин замина ба сохторҳои зидахл дархост фиристодаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷомеашиносону равоншиносон мегӯянд, бар изофаи шиканҷаи хусуру хушдоман ва шавҳар ба феҳрист хоҳаршӯйҳо низ ворид шудаанд. Зарина Кенҷаева, корманди маркази “Боварӣ ба фардо”, гуфт, бетаваҷҷуҳии мақомот дар робита ба ин қазия метавонад паёмадҳои номатлубро дар ҷомеа ба бор биоварад.

Бар асоси як пажӯҳиши сартосарии тиббиву демографии Кумитаи омори Тоҷикистон дар аввали соли ҷорӣ, 19 дарсади занону духтарони аз 15 то 49-солаи тоҷик озори ҷисмонӣ дидаанд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, бояд муҷозоти афроде, ки занҳоро шиканҷа карда ба марг мерасонанд ва ё боис ба худкушии онҳо мешаванд, вазнинтар гардад. Онҳо мегӯянд, ҳодисаҳои то ин дам ҷазо додани омилони худкушии занон зиёд нестанд ва бештари онҳое ҳам, ки муҷозот шудаанд, зуд аз тариқи қонуни афв чаҳордевори маҳбасро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG