Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармони 697. Маоши кӣ чӣ қадар боло рафт?


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шомгоҳи 6 июн фармон дар бораи боло бурдани ҳаҷми маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони идораҳо, нафақа ва стипендияро имзо кардааст. Бар асоси ин фармон, аз 1 июли соли ҷорӣ ҳадди ақалли маош 60 дарсад боло рафта, ҳаҷмаш 400 сомониро ташкил хоҳад дод.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи ин фармон гуфтааст, ки “дар ҳамаи муассисаю ташкилот ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, моҳи июл музди меҳнати кормандон набояд аз 400 сомонӣ кам бошад”. Ҳамин фармон маоши муаллимони мактабҳои миёна, литсей, гимназия, мактаб-интернат ва мураббиёни кӯдакистонро 20 дарсад афзоиш додааст.

“Агар маоши муаллими тахассуси дараҷаи олӣ ба ҳисоби миёна 649 сомониро дар бар гирад, шуруъ аз моҳи июл ба 779 сомонӣ баробар хоҳад шуд,” – омадааст дар торнамои расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон. Маоши кормандони донишгоҳҳо, мактабҳои махсуси варзишӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос низ ба ҳисоби 20 дарсад зиёд карда шуда, ба кормандоне, ки унвони илмӣ доранд, иловапулӣ ба андозаи 30 фоиз пардохт карда хоҳад шуд.

Инчунин, музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 20 дарсад зиёд шуда, маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур аз 190 сомонӣ ба 230 сомонӣ баробар карда шудааст. Бар асоси фармони мазкур, “маоши сартабибон ба ҳисоби миёна дар беморхонаҳо ба 1310 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо (поликлиника) 1598 сомонӣ ва маоши табиби дараҷаи олӣ дар беморхонаҳо 810 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо ба 998 сомонӣ баробар мегардад.”

Ҳамчунин, маоши корманди хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ба ҳисоби миёна ба 1241 сомонӣ ва кормандони осоишгоҳҳо, литсей-интернати касбии махсуси маъюбон ва шӯъбаҳои кумаки иҷтимоӣ ба 1005 сомонӣ расонда мешавад.

Маоши низомиёни дорои рутбаи қаторӣ то лейтенант – 520 сомонӣ ва аз лейтенанти калон то генерали артиш – 470 сомонӣ, муқаррар карда шудааст. Дар фармони таҳти рақами 697 гуфта шудааст, “ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуд, ки андозаи он 156 сомониро дар моҳ ташкил медиҳад.”

Дар идома ҳаҷми стипендияҳои давлатии донишҷӯёну унвонҷӯҳо 30 дарсад афзоиш дода шудааст. Яъне, стипендияи президентии донишҷӯён аз 630 ба 819 сомонӣ ва унвонҷӯҳо аз 756 ба 983 сомонӣ расонда шудааст. “Стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз 79 ба 103 сомонӣ расонда мешавад,” – мегӯяд дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ.

Қабл аз имзои ин фармон масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон ба Озодӣгуфтанд, ки ваъдаи боло бурдани маош, нафақа ва стипендия новобаста ба камомади даромадҳои буҷаи кишвар иҷро хоҳад шуд. Сайвалӣ Сафаров, роҳбари раёсати буҷаи Вазорати молияи Тоҷикистон, рӯзи 31 май гуфта буд, ки “маош ҳамон тавре, ки қаблан гуфта шуда буд, боло бурда мешавад. Боло бурдани маош аз ҳаҷми дефитсити буҷа вобаста нест. Дефитсит аз манбаъҳои дигар пур карда мешавад, на аз маош. Чунки маош ин бандҳои ҳимояшудаи буҷа ҳастанд ва дар буҷа барои боло бурдани маошу нафақа маблағи кофӣ вуҷуд дорад.”

Даромадҳои буҷаи давлати Тоҷикистон дар пайи таъсири манфиии буҳрони иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани мизони пулҳои интиқолии муҳоҷирон кам шуд. Бино ба иттилои Вазорати молия, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ камбуд ё дефитсити буҷаи Тоҷикистон ба 205 миллион сомонӣ, яъне 26 миллион доллар, расид.

Ваъдаи боло бурдани ҳаҷми маош ва, ҳамин тавр, нафақаву стипендия ду соли қабл аз забони раисиҷумҳур садо дода, вале соли гузашта ба далели буҳрони молӣ ва пур нашудани буҷа мавриди иҷро қарор нагирифт.

Аз ин пеш, дар соли 2013 дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақаи сокинон боло рафта, ҳадди ақалли музди меҳнат 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуда буд.

XS
SM
MD
LG