Пайвандҳои дастрасӣ

Марги як хабарнигори амрикоӣ дар Афғонистон


Дэвид Ҷилкӣ (аз рост) ва Забеҳуллоҳ Таманно

Дэвид Ҷилкӣ (аз рост) ва Забеҳуллоҳ Таманно

Дар Афғонистон хабарнигори Радиои ҷамоатии Амрико (NRP) Дэвид Ҷилкӣ ва тарҷумони ӯ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои NRP, ҳамла рӯзи якшанбе дар наздикиҳои шаҳри Маҷаи вилояти Ҳилманд сурат гирифт.

Дэвид Ҷилкӣ ва тарҷумони ӯ Забеҳуллоҳ Таманно, ки ҳамроҳ бо низомиёни афғон буданд, зери борони тир монданд. Ҳамроҳ бо Ҷилкӣ ду корманди дигари радиои Амрико ҳам буданд, ба онҳо осебе нарасидааст.

Дэвид Ҷилкӣ, аккос ва муҳаррири видео, амалиёти низомӣ дар Афғонистон ва Ироқро инъикос мекард. Муовини раиси NRP Майкл Орескес рӯзи 6 июн изҳор намуд, Дэвид чун инсон ва аккос одами хубу буд бо атрофиён муносибати нек дошт.

Дэвид Ҷилкӣ 50 сол дошт. Ӯ барандаи ҷоизаи бонуфузи хабарнигорӣ ба номи Ҷорҷ Полка ва ҷоизаи “Эмми” буд.

XS
SM
MD
LG