Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз ҳамлаи хунин шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон, бисёре аз ниҳодҳои амниятии он кишвар ба ҳоли омодабош дароварда шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, тундравони исломӣ бо ҳамла ба як воҳиди низомӣ ва ду мағозаи аслиҳафурӯшӣ дар Оқтеппа дар ғарби Қазоқистон 6 нафарро куштаанд. Баъди ин дар кишвар “амалиёти зиддитерорристӣ” шурӯъ шуд.

Вазорати умури дохилӣ рӯзи 6-уми июн гуфт, ки дар маҷмӯъ дар ҳамлаҳо ва муқовимати маъмурони амниятӣ бо ҳамлаварон 18 нафар ва аз ҷумла 12 ҳамлавар кушта шуданд.

Ба навиштаи расонаҳои Қазоқистон, тамоми мағозаҳои аслиҳафурӯшӣ дар кишвар баста шудаа ва маъмурони амниятӣ ингуна мағозаҳоро дар Оқтеппа ва шаҳрҳои бузурге ба мисли Алмаато, Оқтау ва Остона посбонӣ мекунанд. Tengrinews.kz гузориш додааст, ки рӯзи 6 июн кормандони пулис дар назди мағозаҳои аслиҳафурӯшӣ дар вилоятҳои Мангистау Атирау дида мешуданд ва маълум нест, ки ингуна мағозаҳоро боз мекунанд ё не.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон гуфт, ки дар ҳамлаҳои зоҳиран ҳамоҳангшуда ба ду мағоза дар рӯзи 5 июн посбон ва корманди як мағозаро куштанд. Баъди ба маҳалли ҳодиса омадани афсарони пулис, се нафари онҳо зимни муқовимат ба гурӯҳи мусаллаҳи ношинос ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорат афзуд, дар мағозаи дигари фурӯши аслиҳа, ҳамлаварон як харидорро куштаанд. Баъди ин маъмурони амниятӣ се фарди мусаллаҳро дар ин ҷо маҳв кардаанд. Гурӯҳи дигари ҳамлаварон, автобусеро рабуда ва ба онро ба дарвозаи як пойгоҳи Гвардияи миллии Қазоқистон равона кардаанд, сипас 3 сарбозро бо тири туфанг куштаанд. Дар инҷо яке аз ҳамлаварон ҳам аз тарафи нерӯҳои амниятӣ кушта шудааст.

Алмос Садубоев, сухангӯи вазорати умури дохилӣ гуфт, ки дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ 4 ҳамлавар кушта ва 7 тани дигарашон дастгир шудаанд. Ба қавли ӯ, баъзе аз афроди мусаллаҳ ва омилони ҳамла ҳанӯз дастгир нашудаанд. Ба қавли Садубоев, 9 маъмури амниятии Қазоқистон дар ин ҳамлаву даргириҳо ҷароҳат бардоштаанд.

Хабаргузории “Ройтерз” аз қавли Алмос Садубоев навишт, ки ин афрод “пайравони ҳаракатҳои ғайрисуннатӣ ва ифротгаро” будаанд, ки мақомоти қазоқ бо ин гуфта, тундравони исломиро дар назар доранд. Рӯзи 5 июн мақомоти Қазоқистон аз мардум хостанд, ки дар хонаҳояшон бимонанд ва маъмурони пулис ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, фаъолияти фурӯшгоҳҳои бузург ва дигар муассисаҳои ҷамъиятиро боздоштанд.

Сабабҳои ҳамла ҳанӯз маълум нест. Оқтеппа як шаҳри саноатии ҳаммарз бо Русия аст ва нахустин ҳамлаи маргталабона дар таърихи Қазоқистон соли 2011 маҳз дар ҳаминҷо рух дод. Баъди ин ҳамла Қазоқистон назорати гурӯҳҳои мазҳабиро саххтар кард.

XS
SM
MD
LG