Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 117 тавсияи аъзои СММ-ро пазируфтааст


Бинои Қасри Миллат
Бинои Қасри Миллат

Давлати Тоҷикистон баъди баррасии гузоришаш дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар аввали моҳи май 117 тавсияи кишварҳои узви шӯро барои риояи ҳуқуқи инсонро пазируфта ва ваъда додааст, ки баъди баррасии дақиқи тавсияҳо дар пайи иҷрои онҳо мешавад.

Аммо, айни замон, ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки нисбат ба даҳҳо тавсия мулоҳизаҳои дигар дорад ва ваъда намедиҳад, ки ин тавсияҳо дар оянда иҷро мешаванд.

Баъд аз солҳои тӯлонӣ давлати Тоҷикистон тавсияи чандин кишвари дунё, аз ҷумла Туркия, Словенияву Парагвай ва Черногорияро дар бораи лағви комили ҳукми қатл дар кишвар дуруст шуморида ва гуфтааст, мумкин аст, барои аз байн бурдани ин ҳукм иқдом мекунад. Ин кишварҳо зимни баррасии иқдоми ҳукумат барои риояи ҳуқуқи инсон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, аз Тоҷикистон хостанд, ки Протоколи иловагӣ ба Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоиро имзо ва тасвиб кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2004 иҷрои ҳукми қатлро муттавақиф кард, то кунун мегуфт, ки барои комилан аз байн бурдани ин ҳукм омода нест, зеро шароит ва имконоти молӣ барои иҷро ин кор надорад. Ҳоло ба ҷойи ҳукми қатл дар Тоҷикистон 25 соли зиндон таъин шудааст. Се сол пештар аз ин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, гуфт, ки шахсан мухолифи аз байн бурдани ҳукми қатл дар Тоҷикистон аст, зеро "баъзан дар кишвар ҷиноятҳои ваҳшатноке содир мешавад, ки омилонаш сазовори ҳукми қатланд".

Вале гуфт ӯ, Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалӣ дорад, ки бояд иҷро кунад. Аз ин рӯ, ҳоло маълум нест, давлати Тоҷикистон кай ҳукми қатлро комилан аз қонунҳо лағв мекунад.

Коршинос: Гузориши ҳукумат назди Шӯрои СММ воқеъбинона набуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00

Тавсияи дигаре, ки ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид қабул кард, Аҳдномаи байналмилалии мурооти ҳуқуқи афроди маълул аст, ки вақтҳои ахир маъракаи васеъе барои ташвиқи кишвар ба пайвастан ба ин адҳнома сурат мегирифт. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, пайвастани кишвар ба ин санад ҳукуматро муввазаф мекунад, аз ҳуқуқи даҳҳо ҳазор афроди маълул, як табақаи бисёр муҳтоҷу осебпазир талоши бештар кунад.

Дар Тоҷикистон бештар аз 130 ҳазор маълул зиндагӣ мекунанд ва 30 ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Бисёре аз тавсияҳои дигар дар бораи риояи ҳуқуқи инсон, боло бурдани нақши зан дар ҷомеа, ҳимояти иҷтимоии кӯдакон, аз байн бурдани хушунати хонаводагӣ ва ҳамингуна кам кардани камбизоатӣ дар Тоҷикистон аст.

Аммо он тавсияҳое, ки ҳукумат ба он мувофиқат накардааст, дар робита ба масъалаи шиканҷа ва имзои протоли иловагии Аҳдномаи байналмилалии муқобила бо шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ аст. Аз ҷумла Олмону, Бритониё, Ҷумҳурии Чех ва Шветсия аз Тоҷикистон хостаанд, ки барои решакан кардани бадрафториву шиканҷа, протоколи иловагии аҳдномаро имзо ва тасвиб кунад. Дар сурати тасвиби ин санад Тоҷикистон вазифадор мешавад, ки ба нозирони байналмилалӣ иҷоза бидиҳад, ки худашон ба кишвар омада ва вазъи зиндонҳову боздоштгоҳҳои кишварро таҳқиқ кунанд.

Масъалаи бадрафториву шиканҷа яке аз масоили умда дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳарчанд бар асоси қонун барои шиканҷа дар кишвар ҷазои сахт ва то 20 соли зиндон таъин шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки то нишасти ояндаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар моҳи сентябр ҷавобҳояш ба тавсияҳои зиёд дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсонро ба ин созмон бифристад.

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи 6 май ҳукумати Тоҷикистон дар ҳузури даҳҳо кишвари дунё гузориш дод, ки барои беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар чаҳор соли гузашта чӣ корҳоеро анҷом додааст. Дар гузорише, ки созмонҳои мухталиф ба аъзои Шӯро пешниҳод кардаанд, гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон баробарии зану мард риоя намешавад, мардсолорӣ ҳамчунон роиҷ аст ва ҳукумат барои боло бурдани мақоми зан ва аз байн бурдани хурофоту ақидаҳои кӯҳна нисбат ба зан талошҳои кофӣ ба харҷ надодааст.

XS
SM
MD
LG