Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамла ба қароргоҳи фирориён амниятиҳо кушта шуданд


Дар Урдун даҳҳо ҳазор фирориён аз кишварҳои ҳамсоя панаҳ бурдаанд

Дар Урдун даҳҳо ҳазор фирориён аз кишварҳои ҳамсоя панаҳ бурдаанд

Дар Урдун бар асари ҳамла дар қароргоҳи паноҳандагон дар Бакъа, воқеъ дар шимоли пойтахт - шаҳри Уммон, панҷ корманди хадамоти амниятӣ ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои намояндагони ҳукумат, гурӯҳи мусаллаҳи ношинос тақрибан соати 7 субҳ ба бинои Хадамоти кашфи қароргоҳи паноҳандагон, ки он ҷо 70 ҳазор фаластиниҳои овора ба сар мебаранд, ҳамла кард. Расонаҳои маҳаллӣ ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номидаанд.

Урдун кишвари орому осуда маҳсуб мешавад ва аммо дар кишварҳои ҳамсояаш – Ироқу Сурия солҳо боз ҷанг идома дорад. Моҳи марти соли равон мақомоти амниятии Урдун эълом доштанд, ки аз ҳамлаи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ҷилавгирӣ карданд ва ҳафт ситезаҷӯро ҳадафи тир қарор доданд.

Аз ин пеш чанд тан аз ситезаҷӯён бар асари амалиёти густурда дар шаҳри Ирбид, воқеъ дар шимоли кишвар, кушта шуда буданд. Мақомоти Урдун соли 2014 вориди набард алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” шуданд.

XS
SM
MD
LG