Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 14 нафар дар як сонеҳа дар Туркия


Дар ҷануби Туркия бар асари ба канал сарозер шудани автобус бо мактабиён ва волидайни онҳо дасти кам 14 нафар ҷон бохтанд. Шаш нафар аз қурбониёни ин сонеҳа кӯдаконанд.

Карим Ал, волии вилояти Усмония, рӯзи 6 июн гуфт, ҳодиса шоми якшанбе дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки автобус бо толибилмону муаллимон аз сайёҳат ба Қаратеппа, мавзеъи бо ёдгориҳои бостоншиносияш маъруфи кишвар, бармегашт.

Ҳадс зада мешавад, ки автобус бо айби ронанда аз масир берун ва ба канал сарозер шудааст. Ба иттилои рӯзномаи Hurriyet, дар ҳодиса ронанда ва ёвари ӯ ҳам ҷон бохтаанд.

Кормандони вазорати ҳифзи сиҳати Туркия гуфтанд, ки 26 нафар аз мусофирон ба бемористон интиқол ёфтанд, вазъи як нафари онҳо вахим арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG