Пайвандҳои дастрасӣ

Миллионҳо мусалмон дар сартосари олам аз бомдоди 6 июн моҳи шарифи Рамазонро бо рӯза шурӯъ карданд. Мақомоти Арабистони Саъудӣ гуфтанд, ки моҳи нав шоми 5 июн пайдо шуд ва аз ин рӯ 6 июн рӯзи аввали моҳи Рамазон аст. Дар Индонезӣ, кишваре, ки бузургтарин теъдоди мусалмонҳо ба сар мебаранд, Миср, Урдун, Қатар ва Афғонистон ҳам дар бораи дидани моҳи нав ва оғози моҳи Рамазон хабар доданд.

Сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам аз 6 июн рӯза медоранд. Аз ин пеш Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки «бино ба тақвим ва хулосаи пажуҳишгоҳҳои астрофизикӣ, моҳи Рамазон 6 июн шурӯъ мешавад».

Дар моҳи Рамазон ба мусалмонҳои рӯзадор аз субҳи содиқ то намози шом хӯрдану нӯшидан манъ аст. Ҳам дар Қуръони карим ва ҳам дар ҳадисҳои Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) Рамазон чун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид шудааст.

XS
SM
MD
LG