Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи хунин ба ду мағоза ва як қисми низомии Қазоқистон (ВИДЕО)


Дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба як қисми низомии Гвардияи миллии Қазоқистон ва чанд мағозаи аслиҳафурӯшӣ дар шаҳри Оқтеппа (Актюбе), дар ғарби ин кишвар, чандин нафар кушта шудаанд. Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 5 июн гуфт, ки ба онҳо дар бораи ду ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос ба мағозаҳои аслиҳафурӯшӣ ва қисми низомии Гвардияи миллӣ гузориш расид.

Ба қавли ӯ, дар натиҷаи ҳамла ба мағозаи фурӯши силоҳ бо номи «Паллада» посбони мағоза кушта шудааст ва як нафари дигар захм бардоштааст. "Дар ҳамла ба қисми низомӣ ва муқовимати сарбозон, як афсар ва як сарбози қарордодӣ ҷон додаанд. Нӯҳ сарбози дигар ҷароҳат бардоштанд," - гуфт намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Қазоқистон.

Аксе гирифта аз видеоҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳри Оқтеппа

Аксе гирифта аз видеоҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳри Оқтеппа

Вазорат ҳамчунин хабар дод, ки се нафар аз ҳамлаварон кушта шудаанд ва яке дигарашон ҷароҳат бардоштааст. Алмос Садубоев, намояндаи вазорат шоми 5-уми июн ба хабарнигорон гуфтааст, ки «чандин нафар аз ҷинояткорон дар муҳосира қарор доранд.»

Баъди ин вебсайти tengrinews.kz аз қавли мақомоти Қазоқистон навишт, ки дар ҷараёни тирандозӣ дар шаҳри Оқтеппа (Актюбе) 5 нафар кушта шуда ва як нафари дигар дастгир шудаанд. Шумораи ҳамлаварон 10 нафар будааст.

Дар баъзе аз видеоҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки чандин нафар аз ҷавонони мусаллаҳ ба самте ҳаракат мекунанд ва баъзе камин гирифта тир меандозанд.

Навори видеоӣ аз Ютуб:

Баъди ин ҳодиса дар шаҳр амалиёти зиддитеррористӣ эълон карданд ва ба сокинон тавсия додаанд, ки аз хонаҳояшон берун наоянд. Хабарнигори Озодӣ дар шаҳри Атирау наздик ба Оқтеппа ҳам мегӯяд, ки дар инҷо ҳам тадобири амниятӣ тақвият дода шудааст. Дар воҳидҳои низомии кишвар ҳам баъди тирандозӣ ҳолати омодабош эълон кардаанд.

Ҳуввияти ҳамлаварон маълум нест, вале Алмос Садубаев, намояндаи вазорати умури дохилии Қазоқистон ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки ин афрод «пайравони равияҳои динии ғайрисуннатӣ ва ифротгаро» будаанд.

"Ҳамлаи террористии Оқтеппа дар арафаи моҳи Рамазон аз сӯи ҷинояткорони аз ҳад зиёд бераҳму золим анҷом шуда, барои нобуд кардани онҳо аз чораҳои сахт кор гирифта мешавад," - навиштааст Қосим - Жомарт Тоқаев, раиси порлумони Қазоқистон дар шарҳи ҳаводиси Оқтеппа дар Твиттер.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Оқтеппа шаҳрест, ки бори аввал дар таърихи Қазоқистон шоҳиди ҳамлаи террористӣ шудааст. 17 маи соли 2011 Раҳимҷон Махатов, як сокини 25-солаи ин шаҳр худро дар назди қароргоҳи вилоятии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон тарконд ва дар натиҷа худаш кушта шуд ва се тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Баъди ин дар шаҳрҳои Оқтеппа, Атирау, Остона, Алмаато, Тароз низ ҳамлаҳои мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастанд ва мақомот дар ин ҳамла гурӯҳи ношиноси тундраве бо номи «Сарбозони Хилофат»-ро гунаҳкор карданд. Аъзои ин гурӯҳ чанд сол пеш бо нашри видео ба давлати Қазоқистон таҳдид карда буданд.

Соли 2012 ҳукумат амалиётҳои васеъмиқёси зиддитеррористӣ эълон кард ва гуфт, ки дар натиҷаи ин амалиёт аксари «террористон»-ро куштаву нобуд карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG