Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як додситон ва 4 нафари дигар дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба бинои додгоҳ дар шарқи Афғонистон кушта шуданд. Нисор Аҳмад Абдул Раҳимзай-муовини фармондеҳи пулиси вилояти Лугар гуфт, ки 5 май нируҳои амниятӣ дар ҷавоб ба ин ҳамла 3 марди мусаллаҳи ҳамлакунандаро ба қатл расондаанд.

Ин ҳамла ба толори додгоҳи Пули Алим замоне сурат гирифт, ки Акрам Наҷот-додситони навро ба мардум муаррифӣ мекарданд. Дар ин ҳодиса 19 нафари дигар низ ҷароҳат бардоштаанд.

Толибон масъулияти ҳамларо бар душ гирифтаанд. Дар ҳафтаҳои охир тундравҳо мақомоти додгоҳиву додситониро ҳадаф қарор медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта 6 тундрав, аз ҷумла 4 Толиб, эъдом шуда буданд.

Дар охири моҳи май дар бамгузории интиҳорӣ дар як автобус, ки кормандони додгоҳиро аз Кобул ба Вардак мебурд, 10 нафар кушта, 4 нафари дигар захмӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG