Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ингушистон намозро ба Муҳаммад Алӣ бахшиданд


Муҳаммад Алӣ
Муҳаммад Алӣ

Дар Назрани Ингушистон дар ҷараёни баргузории маросими 24 солагии Ингушистон мусулмонони се минтақаи Қафқози Шимолӣ намози худро ба Муҳаммад Алӣ-муштзани машҳури ҷаҳон бахшиданд.

Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс-Юг” гузориш додааст. Намозро Муҳаммад ҳоҷӣ Албогаҷиев-рӯҳонии машҳур бар уҳҳда дошт. Онҳо аз даргоҳи илоҳӣ хостанд, ки ҳамдини онҳо Муҳаммад Алӣ ҷояш ҷаннат шавад.

Онҳо ёдовар шуданд, ки Муҳаммад Алӣ на танҳо муштзан ва варзишгари машҳур буд, балки инсони бузург буд ва нишон дод, ки инсонияти хуб одамро машҳур мекунад.

Муҳаммад Алӣ 4 июн дар яке аз бемористонҳои Амрико дар синни 74 солагӣ аз бемории паркинсон даргузашт.

XS
SM
MD
LG