Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский "гурӯҳи ислоҳот" ташкил мекунад


Михаил Ходорковский
Михаил Ходорковский

Михаил Ходорковский мехоҳад дар оянда ба Русия баргардад, вале эътироф мекунад, ки тағири режим дурнамое барои баландмуддат аст. Вай дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии Euronews гуфт, ки барои вай ҳоло вазифаи муҳим ташкили гурӯҳи сиёсие аст, ки битавонад баъд аз тағири режим ислоҳоти заруриро анҷом диҳад.

Ходорковский-раиси пешини ширкати ЮКОС-и Русия даъват кард, ки “нақши Владимир Путинро дар низоме, ки вай раҳбарӣ мекунад, бузург нишон надиҳанд. Вай низоми кунунии давлатдориро дар Русия автократӣ ё худкомаӣ номид, ки дар замони “котибони генералӣ” вуҷуд дошт.

Ходорковский таъкид кард, ки дар марҳилаи кунунӣ “ташкили гурӯҳи ислоҳот”-ро вазифаи муҳими худ медонад, то баъд аз рафтани режими кунунӣ битавонад дар кишвар дар давоми ду сол интихоботи озоду шаффоф баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG