Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Русия аз тағири тавозуни низомӣ дар Уқёнуси Ором


Русия ба Амрико ҳушдор дод, ки барномаҳои аслиҳаи ҳастаии Кореяи Шимолиро барои тағир додани тавозуни низомиву сиёсӣ дар минтақа баҳона қарор надиҳад ва нақшаҳои худро барои ҷойгир кардани системаи дифои мушакӣ иҷро накунад.

Анатолий Антонов-муовини вазири дифои Русия зимни суханони худ дар конфронси амниятии Сингапур гуфт, “хеле хатарнок аст, ки як кишвар дар ивази амнияти дигарон амнияти худро таъмин кунад”.

Вай гуфт, Русия усулан ба дифои мушакӣ мухолиф нест, вале аз Амрико интиқод кард, ки “гуфтугӯ дар ин мавзӯъ”-ро риоя намекунад. Антонов ҳамчунин аз чи гунагии сохтори амният дар ҳавзаи уқёнуси Ором интиқод кард.

XS
SM
MD
LG