Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин дар обҳои баҳсбарангези Баҳри ҷанубии Чин даъвои истиқлол кардааст. Ин даъво дар ҳоле матраҳ мешавад, ки як мақоми расмии Амрико изҳор доштааст, ки агар Чин “низомӣ” кардани минтақаро идома диҳад, дар дар инзиво ё ҷудоӣ қарор хоҳад гирифт.

Сун Ҷиангуо-дарёсолори Чин 5 июн зимни сухунони худ дар як конфронси амниятӣ дар Сингапур гуфт, “Мо касеро ошуфта намекунем ва аз касе ҳам тарси ошуфтагӣ надорем”.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико як рӯз пеш дар ҷараёни боздидаш аз Муғулистон-кишвари ҳамсоя гуфт, Пекин набояд нақшаҳои мушаххас кардани дифои ҳавоии маҳалро дар Баҳри ҷанубии Чин ба иҷро дарорад. Ба гуфтаи вай, чунин кор “таҳрикомез ва барҳамзанандаи субот” хоҳад буд.

Чин дар соли 2013 дар Баҳри ҷанубии Чин низоми мушаххас кардани дифои ҳавоиро созмон дод. Худи ҳамон рӯз Эштон Картер-вазири дифои Амрико гуфт, ки Амрико ҳамчунин кафили амнияти Осиё боқӣ хоҳад монд.

Фаъолиятҳои Чин дар ин минтақа нигарониҳои Ҷопону Ҳиндустон, Ветнаму Тайван ва Кореяи Ҷанубиро ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG