Пайвандҳои дастрасӣ

Марди фаронсавиро дар марзи Украина боздошт карданд


Горди марзбонии Украина гузоришҳои матбуотиро таъйид кард, ки як марди фаронсавӣ бо махфигоҳи аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ дар мошинаш боздошт шудааст. Ин аслиҳаву муҳимот бояд ба таври ғайриқонунӣ дар Фаронса ба кор бурда мешуд.

Ин мард дар марзи миёни Украина ва Полша дар охири моҳи май дастгир шудааст. Нашароти фаронсавии М6 дар гузориши 3 маи худ гуфтааст, ки ин марди 25 соларо марзбонони украинӣ бо аслиҳаву муҳимот, аз ҷумла маводи тарканда, мусалсали Калашников дар бордони мошинаш боздошт кардаанд.

Олеҳ Слободян-сухангӯи нируҳои марзбонии Украина 4 июн боздошти ин марди фаронсавиро таъйид кард, вале аз додани ҷузъиёти бештари ин хабар худдорӣ намуд.

Бино ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ин мардро мақомоти интизомии Украина нигоҳ доштаанд ва ба ёэҳтимоли зиёд интизори дархости истирдод аз вазорати корҳои дохилаи Фаронса мебошанд.

XS
SM
MD
LG