Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як созмони ҷамъиятӣ дар вилояти Бадахшон китобхонаи сайёр ташкил кардааст, ки ҳадаф аз он наздик кардани мардум, ба вижа ҷавон ба китоб ва китобхонӣ будааст.

Зоир Шомусалламов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Умедвор” рӯзи 4 уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои бештар наздик кардани сокинони навоҳии дурдаст бо китоб, онҳо тасмим гирифтанд як китобхонаи сайёр таъсис бидиҳанд: “Мо як притсеп гирифтем, ки дар он 800 китоб аст. Ин китобҳо барои одамони сину соли гуногун, сар карда аз кӯдакону наврасон то афроди калонсолро дар бар мегирад.”

Ҷаноби Шомусалламов иброз дошт, ки онҳо ба ин ё он ҷамоат мераванд ва дар он ҷо китобҳоро муваққатан ба хоҳишмандон медиҳанд, ки аз он баҳравар шаванд: "Шиноснома ва ё ягон ҳуҷҷати дигарро ба гарав гирифта, барои калонсолон китобро то ду ҳафта ва барои хурдсолон то як ҳафта барои хондан медиҳем."

Шомуссаламов мегӯяд, ӯву ҳамроҳонаш ҳамагӣ ризокор ва ё валантёр ҳастанд ва аз ин кор ягон даромаде надоранд ва ба хотири наздик кардани мардум хосатан ҷавонон ба китобу китобхонӣ, ин идеяро амалӣ карданд.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, китобхонаи сайёри онҳо ба тозагӣ ба кор шурӯъ кард ва онҳо нахуст дар деҳаи Хабоси ҷамоати Тавдеми ноҳияи Роштқалъа сафар карданд: “Тавваҷуҳ аз ҷониби сокинон ба китобҳои мо хеле зиёд буд. Ҳудуди 57 хонанда, 22 тан аз ҷавонон ва 18 нафар аз калонсолон аз китобҳои мо дар ин деҳа истифода карданд.”

T

T

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Умедвор” мегӯяд, онҳо гоҳҳо барои дарёфти сӯзишворӣ ҷиҳати сафар ба ноҳияҳои дурдаст танқисӣ мекашанд, вале гоҳо соҳибкорони ҳимматбаланде низ пайдо мешаванд, ки дар ин кори хайр ба онҳо кӯмак мекунанд.

Шомуссаламов гуфт, китобҳои китобхонаи сайёри онҳо ба се забон --- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳастанд. Ӯ афзуд, ки аксарияти китобҳои онҳо илмиву бадеӣ мебошанд. Шомуссалмаов мегӯяд, дар оянда ният доранд шумораи ин гуна китобхонаҳои сайёрро бештар карда, бо харидории проектор дар деҳаву ҷамоатҳои дурдаст ба сокинон дар ҳавои кушод филмҳои бадеии тарбиявӣ, илмӣ­-оммавӣ ва ҳуҷҷатӣ нишон диҳанд.

Ин амали созмони ҷамъиятии "Умедвор" дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки ҷомеа аз кам шудани таваҷҷӯҳи мардум ба китобхонӣ ҳарф мезанад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG