Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обанбори "Дӯстии Афғону Ҳинд" дар Ҳирот боз шуд


Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон ва Нарендра Модӣ-нахуствазири Ҳиндустон дар маросими гушоиши обанбори чандмиллион долларӣ дар ғарби Афғонистон ширкат ҷустанд. Оби ин обанбор ба бисёре аз қисматҳои Афғонистони ҷангзада нируи барқ ва оби обёрӣ медиҳад.

Обанбори Дӯстии Афғонистону Ҳинд дар вилояти Ҳироти ҳаммарз бо Эрон бо кӯмаки Ҳиндустон ба арзиши 300 миллион доллар сохта шуд. Сохтмони он тақрибан як даҳсола давом кард.

Нарендра Модӣ 4 июн барои ширкат дар маросими расмии гушоиши обанбор вориди Афғонистон шуд. Ин ниругоҳ 42 мегават нируи барқ тавлид ва 75 ҳазор ҳектор заминҳои кишварзиро обёрӣ мекунад.

Ғанӣ ин обанбор ва ниругоҳро рамзи робитаҳои дуҷониба арзёбӣ кард. Модӣ гуфт, вай дар бозсозии Афғонистони ҷангзада саҳм хоҳад гирифт.

Корҳои аввалини бунёди обанбор ва ниругоҳ дар соли 1976 тавассути муҳандисони Афғонистону Ҳиндустон оғоз ёфта буд, вале ба сабаби ҷанги дохилӣ тӯл кашид.

XS
SM
MD
LG