Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бойгонии радиои "Свобода"-ро дар Будапешт боз мекунанд


Радиои "Свобода"-бахши русии Радиои Озодӣ дастрасӣ ба маводи бойгонии худро иҷоза додааст, ба маводе, ки ба солҳои 1953-1995 тааллуқ дорад. Ҳар хоҳишманд дар ҳар соати шабонарӯз метавонад бидуни монеа ба ин мавод дастрасӣ дошта бошад ва аз он истифода кунад.

Бинои ин бойгонӣ бо номи Бойгонии Ҷомеаи Боз дар маркази Будапешт-пойтахти Маҷористон (Венгрия) дар кӯчаи Янош Аранӣ дар бинои корхонаи пешини дӯзандагӣ ҷой гирифтааст.

Ин бойгонӣ дар ихтиёри донишгоҳи Аврупои марказӣ қарор дорад. Таърихи бойгонӣ аз давраҳои “ҷанги сард” оғоз меёбад ва ба он ҳар гуна мавод ва адабиёте дохил мешавад, ки дар он солҳо адабиёти мамнуъ ба шумор мерафт.

Иштван Рев-раиси бойгонӣ мегӯяд, ки “беҳтарин мавод гузоришҳое ба шумор меравад, ки рӯзноманигорон дар кори худ дар радио, аз ҷумла дар Радиои "Свобода" истифода мекарданд”.

Оқои Рев мегӯяд, “ба ҷуз аз маводи хаттӣ мо шумораи зиёди филмҳои таблиғотӣ дорем, ки шояд дар ҷаҳон касе ба ин миқдор надошта бошад”.

Бойгонии Ҷомеаи Боз ба таҳияи “маводи Радиои "Свобода" дар Мюнхен” омодагӣ мегирад. Дар ин мавод таърихи Русия дар қарни 20 дида мешавад.

XS
SM
MD
LG